Норозигии раиси Қубодиён аз кори Почтаи тоҷик



Саидумрон Абдураҳмонзода,  иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Қубодиён зимни нишасти матбуотӣ аз кори Почтаи тоҷик дар ноҳия норозигӣ изҳор намуд.

«Шумо бовар мекунед, ки газетаҳои Шумо то маркази ноҳия меоянду ба хонандаашон намерасанд. Шумораҳои газетаҳо моҳҳо дар почтаи ноҳия ҷамъ мешаванд ва баъдан ба ягон себфурӯш ё семичкафурӯш дода мешаванд. Почта имконияти молӣ надорад, ки газетаҳоро ба обуначиёнаш расонад. Хабарнигор бо чӣ машаққат маълумот ҷамъоварӣ мекунад ва вақту нерӯ сарф карда менависаду маводаш ба дасти хонандааш намерасад. Ин аз рӯи адолат нест. Вақте ман бо роҳбари почтаи ноҳия суҳбат доштам, раисаш изҳор кард, ки то моҳи апрел ба кормандонаш музди меҳнат дода метавонаду халос» – изҳор дошт роҳбари ноҳия.

Дар давоми суҳбаташ Абдураҳмонзода илова кард, ки ҳар як редаксияи газета барои расонидани газетааш ба дасти хонанда ба почта маблағи муайяне пардохт мекунад, аммо почтаи вилоят ва ҷумҳурӣ ба почтаи ноҳия маблағи заруриро намедиҳад, то ки инҳо газетаро ба дасти хонанда расонанд.

«Ман ба муовини бахши идеологиам супориш додам, ки рафта ин мушкилиро бо роҳбарияти почтаи вилоят ё ҷумҳурӣ ҳаллу фасл намояд. Ҳар як шумораи газета бояд то дасти хонандааш бирасад. Ин бемасъулиятист, ки пули обуначиро гириву газетаашро ба ӯ нарасонӣ», – афзуд номбурда.

spot_imgspot_img

Популярное