Норозигии раиси Қубодиён аз кори Почтаи тоҷик

Саидумрон Абдураҳмонзода,  иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Қубодиён зимни нишасти матбуотӣ аз кори Почтаи тоҷик дар ноҳия норозигӣ изҳор намуд. «Шумо бовар мекунед, ки газетаҳои Шумо то маркази ноҳия меоянду ба хонандаашон намерасанд. Шумораҳои газетаҳо моҳҳо дар почтаи ноҳия ҷамъ мешаванд ва баъдан ба ягон себфурӯш ё семичкафурӯш дода мешаванд. Почта имконияти молӣ надорад, ки газетаҳоро […]

Сайраҳмон Назриев



Саидумрон Абдураҳмонзода,  иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Қубодиён зимни нишасти матбуотӣ аз кори Почтаи тоҷик дар ноҳия норозигӣ изҳор намуд.

«Шумо бовар мекунед, ки газетаҳои Шумо то маркази ноҳия меоянду ба хонандаашон намерасанд. Шумораҳои газетаҳо моҳҳо дар почтаи ноҳия ҷамъ мешаванд ва баъдан ба ягон себфурӯш ё семичкафурӯш дода мешаванд. Почта имконияти молӣ надорад, ки газетаҳоро ба обуначиёнаш расонад. Хабарнигор бо чӣ машаққат маълумот ҷамъоварӣ мекунад ва вақту нерӯ сарф карда менависаду маводаш ба дасти хонандааш намерасад. Ин аз рӯи адолат нест. Вақте ман бо роҳбари почтаи ноҳия суҳбат доштам, раисаш изҳор кард, ки то моҳи апрел ба кормандонаш музди меҳнат дода метавонаду халос» – изҳор дошт роҳбари ноҳия.

Дар давоми суҳбаташ Абдураҳмонзода илова кард, ки ҳар як редаксияи газета барои расонидани газетааш ба дасти хонанда ба почта маблағи муайяне пардохт мекунад, аммо почтаи вилоят ва ҷумҳурӣ ба почтаи ноҳия маблағи заруриро намедиҳад, то ки инҳо газетаро ба дасти хонанда расонанд.

«Ман ба муовини бахши идеологиам супориш додам, ки рафта ин мушкилиро бо роҳбарияти почтаи вилоят ё ҷумҳурӣ ҳаллу фасл намояд. Ҳар як шумораи газета бояд то дасти хонандааш бирасад. Ин бемасъулиятист, ки пули обуначиро гириву газетаашро ба ӯ нарасонӣ», – афзуд номбурда.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.