Тоҷикистон боз дар феҳристи «кишварҳои ноозод»-и Fredoom House

Созмони ҳомии ҳуқуқи Fredoom House ё Хонаи Озодӣ дар гузориши солонаи худ таҳти унвони «Озодӣ дар ҷаҳон-2015» Тоҷикистонро боз ба сафи «кишварҳои ноозод» шомил кард. Дар гузориш қайд мешавад, ки аз рӯи ҷадвали ҳафтбаллӣ вазъи озодиҳои шаҳрвандӣ ва ҳуқуқҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон ҳарду 6 баллӣ арзёбӣ шудаанд, ки дар ин ҷадвал балли 1 – беҳтарин […]

ASIA-Plus



Созмони ҳомии ҳуқуқи Fredoom House ё Хонаи Озодӣ дар гузориши солонаи худ таҳти унвони


«Озодӣ дар ҷаҳон-2015»


Тоҷикистонро боз ба сафи «кишварҳои ноозод» шомил кард.

Дар гузориш қайд мешавад, ки аз рӯи ҷадвали ҳафтбаллӣ вазъи озодиҳои шаҳрвандӣ ва ҳуқуқҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон ҳарду 6 баллӣ арзёбӣ шудаанд, ки дар ин ҷадвал балли 1 – беҳтарин ва 7 – бадтарин мебошанд.

Қазоқистон, Русия, Афғонистон ва Эрон низ дар баробари Тоҷикистон дар рӯйхати «кишварҳои ноозод» қарор доранд. Ба қатори «кишварҳои озод» Муғулистон, аксари кишварҳои Аврупо, Австралия, ИМА, Канада ва Бразилия дохил карда шудаанд.

Ӯзбекистон, Туркманистон, Чин, Сурия ва Арабистони Саудӣ дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасттарини озодӣ ҷойгир шудаанд.

Қобили зикр аст, ки ин рейтинг 195 кишвар ва 14 қаламрави бидуни мақомро фаро гирифтааст. Дар

гузориши соли гузаштаи созмон

низ Тоҷикистон дар сафи «кишварҳои ноозод» қарор дошт.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

ПУРСИШ. 10 саволи ҷолиб аз рӯзгор ва осори устод Садриддин Айнӣ

Дониши худро дар бораи аввалин Қаҳрамони Тоҷикистон санҷед.

“Ба кӯдакони хурдсоламон раҳм кунед…”. Муроҷиати писари Зайд Саидов ба мақомоти Тоҷикистон

Додгоҳ қарори мусодираи хонаи пайвандони вазири пешин ва тоҷири тоҷикро чанд сол пеш содир карда буд.

Исроил ва Лубнон барои баргузории музокироти мустақим ба созиш расидаанд

"Ҳизбуллоҳ" ин музокиротро қабул надорад ва онро “беҳуда” тавсиф карда буд.

Қариб 50 млн евро қарзу грант барои коҳиши талафоти барқ дар Суғду Хатлон. Шарту шароити қарз чӣ гуна аст?

Ҳадафи лоиҳа коҳиши талафоти барқ ва ҷорӣ кардани низоми муосири ҳисоббаробаркунӣ гуфта мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 67

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

CММ: Бар асари низоъ дар Ховари Миёна то 32 млн нафар метавонанд дар хати фақр қарор гиранд

Хавфи ба ин ҳолат дучор шудани кишварҳои Халиҷи Форс, Осиё, Африқо ва ҷазираҳои хурд бештар аст.