Зимни нишасти матбуотӣ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (Омбудсмен)-и Тоҷикистон Зариф Ализода дар робита ба лату кӯби то марги навраси 17-сола Зиёдбек Ҷӯраев, тарбиятгирандаи мактаб интернати шаҳри Чкаловск дар бозори «Назари нек»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз ҷониби директори бозор ва посбонони он изҳор дошт, ки ин ҳодиса барои онҳо як ҳушдор аст.
Зариф Ализода ин ҳодисаро «даҳшат» хонда, зикр кард, ки минбаъд зимни санҷиш дар мактаб-интернатҳо ва дигар муассисаҳои таълимӣ мебояд ба кӯдакони дар онҳо тарбиятгирнда таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуд.
Ба гуфтаи Ализода, соли гузашта кормандони дастгоҳи Омбудсмен аз ин мактаб-интернат боздид намуда, як қатор камбудиҳоро ошкор карда буданд. «Барои беҳбуди вазъ дар ин мактаб-интернат ман ба Вазорати тандурустӣ ва Вазорати маориф муроҷиат карда дархост намуда будам, ки ҳар як гурӯҳи синнусоли кӯдакон бо хонаҳои зисти ҷудогона таъмин карда шаванд. Ман огаҳам, ки айни замон шароитҳо он ҷо хеле беҳтар шудаанд», – иброз дошт ӯ.
Ӯ ҳамчунин қайд кард, ки директори бозори «Назари нек» Рустам Ҷӯраев аз вазифааш барканор шуда, нисбати ӯ ва боз ду посбони бозор – Аҳлиддин Файзиев ва Бобурҷон Юсуфов мутобиқи моддаи 110, қ.3-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ки аз беэҳтиётӣ боиси фавти ҷабрдида гардида бошад) парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Ёдрас мекунем, ки нимаи моҳи январи соли равон директор ва кормандони хадамоти посбонии бозори «Назари нек» як наврас, тарбиятгирандаи мактаб-интернатро барои дуздии маҳсулот ва 380 сомонӣ маблағи пулӣ
то марг лату кӯб карданд.



