ВКХ: Миёни ҷабрдидагон аз таркиш дар Либия шаҳрвандони Тоҷикистон ҳузур надоранд

Миёни ҷабрдидагон аз амали террористӣ дар меҳмонхонаи «Коринтия»-и пойтахти Либия – шаҳри Триполи шаҳрвандони Тоҷикистон ҳузур надоранд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» бо истинод ба маълумоти фаврии дастрасшуда аз намояндагиҳои дипломатӣ дар кишваарҳои арабӣ аз Вазорати корҳои хориҷии ҶТ хабар доданд. Дар ҳамин ҳол, СNN қаблан иттилоъ дода буд, ки бар асари ҳамла ба меҳмонхонаи […]

Меҳрангез Турсунзода



Миёни ҷабрдидагон аз амали террористӣ дар меҳмонхонаи «Коринтия»-и пойтахти Либия – шаҳри Триполи шаҳрвандони Тоҷикистон ҳузур надоранд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» бо истинод ба маълумоти фаврии дастрасшуда аз намояндагиҳои дипломатӣ дар кишваарҳои арабӣ аз Вазорати корҳои хориҷии ҶТ хабар доданд.

Дар ҳамин ҳол,

СNN

қаблан иттилоъ дода буд, ки бар асари ҳамла ба меҳмонхонаи «Коринтия» дар пойтахти Либия ва таркиш дар он се нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҳалокат расидаанд.

Бино ба иттилои манбаъ, бар асари ин амали террористӣ дар маҷмӯъ 5 нафар шаҳрвандони хориҷӣ – 1 шаҳрванди ИМА, 1 шаҳрванди Фаронса ва 3 шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расидаанд. Дар бораи шахсияти ҳалокшудагон алҳол маълумот дастрас нест. Ҳамчунин дар баробари онҳо боз 5 шаҳрванди Либия ҳам ҳалок шудаанд.

Масъулияти ин амали террористиро дар меҳмонхонаи шаҳри Триполи филиали Давлати исломӣ дар Либия ба дӯш гирифтааст.

 

ТАСС

 бо истинод ба хабаргузории Afrigatenews иттилоъ дода буд, ки бар асари ҳамла ба меҳмонхонаи «Коринтия» дар пойтахти Либия 11 нафар ба ҳалокат расидаанд, ки 5 нафарашон шаҳрвандони хориҷӣ ва 6 нафарашон кормандони меҳмонхона мебошанд. Тибқи маълумоти сохторҳои қудратӣ, миёни ҳалокшудагон аз ҳисоби шаҳрвандони хориҷӣ 1 амрикоӣ, 1 фаронсавӣ, ду нафар шаҳрвандони Филиппин ва 1 шаҳрванди Кореяи Ҷанубӣ ҳузур доштаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.