Омбудсмен: Марги кӯдаки латукӯбшуда дар бозор барои мо як ҳушдор аст

Зимни нишасти матбуотӣ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (Омбудсмен)-и Тоҷикистон Зариф Ализода дар робита ба лату кӯби то марги навраси 17-сола Зиёдбек Ҷӯраев, тарбиятгирандаи мактаб интернати шаҳри Чкаловск дар бозори «Назари нек»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз ҷониби директори бозор ва посбонони он изҳор дошт, ки ин ҳодиса барои онҳо як ҳушдор аст. Зариф Ализода ин […]

Мавзуна Абдуллоева



Зимни нишасти матбуотӣ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (Омбудсмен)-и Тоҷикистон Зариф Ализода дар робита ба лату кӯби то марги навраси 17-сола Зиёдбек Ҷӯраев, тарбиятгирандаи мактаб интернати шаҳри Чкаловск дар бозори «Назари нек»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз ҷониби директори бозор ва посбонони он изҳор дошт, ки ин ҳодиса барои онҳо як ҳушдор аст.

Зариф Ализода ин ҳодисаро «даҳшат» хонда, зикр кард, ки минбаъд зимни санҷиш дар мактаб-интернатҳо ва дигар муассисаҳои таълимӣ мебояд ба кӯдакони дар онҳо тарбиятгирнда таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуд.

Ба гуфтаи Ализода, соли гузашта кормандони дастгоҳи Омбудсмен аз ин мактаб-интернат боздид намуда, як қатор камбудиҳоро ошкор карда буданд. «Барои беҳбуди вазъ дар ин мактаб-интернат ман ба Вазорати тандурустӣ ва Вазорати маориф муроҷиат карда дархост намуда будам, ки ҳар як гурӯҳи синнусоли кӯдакон бо хонаҳои зисти ҷудогона таъмин карда шаванд. Ман огаҳам, ки айни замон шароитҳо он ҷо хеле беҳтар шудаанд», – иброз дошт ӯ.

Ӯ ҳамчунин қайд кард, ки директори бозори «Назари нек» Рустам Ҷӯраев аз вазифааш барканор шуда, нисбати ӯ ва боз ду посбони бозор – Аҳлиддин Файзиев ва Бобурҷон Юсуфов мутобиқи моддаи 110, қ.3-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ки аз беэҳтиётӣ боиси фавти ҷабрдида гардида бошад) парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Ёдрас мекунем, ки нимаи моҳи январи соли равон директор ва кормандони хадамоти посбонии бозори «Назари нек» як наврас, тарбиятгирандаи мактаб-интернатро барои дуздии маҳсулот ва 380 сомонӣ маблағи пулӣ

то марг лату кӯб карданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.