ВКХ: Миёни ҷабрдидагон аз таркиш дар Либия шаҳрвандони Тоҷикистон ҳузур надоранд



Миёни ҷабрдидагон аз амали террористӣ дар меҳмонхонаи «Коринтия»-и пойтахти Либия – шаҳри Триполи шаҳрвандони Тоҷикистон ҳузур надоранд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» бо истинод ба маълумоти фаврии дастрасшуда аз намояндагиҳои дипломатӣ дар кишваарҳои арабӣ аз Вазорати корҳои хориҷии ҶТ хабар доданд.

Дар ҳамин ҳол,

СNN

қаблан иттилоъ дода буд, ки бар асари ҳамла ба меҳмонхонаи «Коринтия» дар пойтахти Либия ва таркиш дар он се нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҳалокат расидаанд.

Бино ба иттилои манбаъ, бар асари ин амали террористӣ дар маҷмӯъ 5 нафар шаҳрвандони хориҷӣ – 1 шаҳрванди ИМА, 1 шаҳрванди Фаронса ва 3 шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расидаанд. Дар бораи шахсияти ҳалокшудагон алҳол маълумот дастрас нест. Ҳамчунин дар баробари онҳо боз 5 шаҳрванди Либия ҳам ҳалок шудаанд.

Масъулияти ин амали террористиро дар меҳмонхонаи шаҳри Триполи филиали Давлати исломӣ дар Либия ба дӯш гирифтааст.

 

ТАСС

 бо истинод ба хабаргузории Afrigatenews иттилоъ дода буд, ки бар асари ҳамла ба меҳмонхонаи «Коринтия» дар пойтахти Либия 11 нафар ба ҳалокат расидаанд, ки 5 нафарашон шаҳрвандони хориҷӣ ва 6 нафарашон кормандони меҳмонхона мебошанд. Тибқи маълумоти сохторҳои қудратӣ, миёни ҳалокшудагон аз ҳисоби шаҳрвандони хориҷӣ 1 амрикоӣ, 1 фаронсавӣ, ду нафар шаҳрвандони Филиппин ва 1 шаҳрванди Кореяи Ҷанубӣ ҳузур доштаанд.

spot_imgspot_img

Популярное