Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ ду корманди ширкати «Барқи тоҷик» – нозири корҳои хоҷагидорӣ Парвиз Одинаев ва нигаҳбони даромадгоҳи ширкат Сиёвуш Маҷидовро ба содир намудани амали коррупсионӣ бо истифода аз мақоми хизматӣ гумонбар медонад.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Агентии зиддифасод, моҳи ноябри соли 2014 шаҳрванд А.Шарифов бо мақсади ҳуҷҷатгузорӣ намудани 15 квт қувваи барқ, барои эҳтиёҷоти дӯконаш ба ширкат муроҷиат мекунад.
«П.Одинаев ва С.Маҷидов бо маслиҳати пешакӣ ва бо мақсади тасарруфи амволи ғайр бо роҳи фиреб ва суистифодаи боварӣ барои ҳуҷҷатгузорӣ намудани 15 квт қувваи барқ барои эҳтиёҷоти дӯкони шаҳрванд А.Шарифов бо як маҳорати баланди қаллобӣ шаҳрванд Шарифовро гумроҳ намуда, аз ӯ маблағи 400 доллари амрикоиву 300 сомонӣ мегиранд ва 26 январи соли 2015 аз ин шаҳрванд боз 100 доллари амрикоӣ талаб намудаанд», – омадааст дар маълумоти Агентии зиддифасод.
Гуфта мешавад, А.Шарифов ин амалҳои қаллобии онҳоро пай бурда, моҳи январи соли равон ба Раёсати Агентӣ дар шаҳри Душанбе муроҷиат кардааст. «Рӯзи 27 январ Парвиз Одинаев ҳангоми гирифтани 100 доллари ИМА бо далели шайъӣ аз ҷониби кормандони Агентӣ дастгир шуд», – иттилоъ медиҳад манбаъ.
Зимнан зикр мегардад, ки нисбати ин ду корманди ширкати «Барқи тоҷик» бо моддаи 247, қисми 2, бандҳои «в,г»-и КҶ ҶТ (Тасарруфи молу мулки ғайр бо роҳи фиреб, бо расонидани зарари ҷиддӣ ва бо истифодаи мақоми хизматӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.



