Гумонбарии кормандони «Барқи тоҷик» ба коррупсия

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ ду корманди ширкати «Барқи тоҷик» – нозири корҳои хоҷагидорӣ Парвиз Одинаев ва нигаҳбони даромадгоҳи ширкат Сиёвуш Маҷидовро ба содир намудани амали коррупсионӣ бо истифода аз мақоми хизматӣ гумонбар медонад. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Агентии зиддифасод, моҳи ноябри соли 2014 шаҳрванд А.Шарифов бо мақсади ҳуҷҷатгузорӣ намудани […]

ASIA-Plus



Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ ду корманди ширкати «Барқи тоҷик» – нозири корҳои хоҷагидорӣ Парвиз Одинаев ва нигаҳбони даромадгоҳи ширкат Сиёвуш Маҷидовро ба содир намудани амали коррупсионӣ бо истифода аз мақоми хизматӣ гумонбар медонад.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Агентии зиддифасод, моҳи ноябри соли 2014 шаҳрванд А.Шарифов бо мақсади ҳуҷҷатгузорӣ намудани 15 квт қувваи барқ, барои эҳтиёҷоти дӯконаш ба ширкат муроҷиат мекунад.

«П.Одинаев ва С.Маҷидов бо маслиҳати пешакӣ ва бо мақсади тасарруфи амволи ғайр бо роҳи фиреб ва суистифодаи боварӣ барои ҳуҷҷатгузорӣ намудани 15 квт қувваи барқ барои эҳтиёҷоти дӯкони шаҳрванд А.Шарифов  бо як маҳорати баланди қаллобӣ шаҳрванд Шарифовро гумроҳ намуда, аз ӯ маблағи 400 доллари амрикоиву 300 сомонӣ мегиранд ва 26 январи соли 2015 аз ин шаҳрванд боз 100 доллари амрикоӣ талаб намудаанд», – омадааст дар маълумоти Агентии зиддифасод.

Гуфта мешавад, А.Шарифов ин амалҳои қаллобии онҳоро пай бурда, моҳи январи соли равон ба Раёсати Агентӣ дар шаҳри Душанбе муроҷиат кардааст. «Рӯзи 27 январ Парвиз Одинаев ҳангоми гирифтани 100 доллари ИМА бо далели шайъӣ аз ҷониби кормандони Агентӣ дастгир шуд», – иттилоъ медиҳад манбаъ.

Зимнан зикр мегардад, ки нисбати ин ду корманди ширкати «Барқи тоҷик» бо моддаи 247, қисми 2, бандҳои «в,г»-и КҶ ҶТ (Тасарруфи молу мулки ғайр бо роҳи фиреб, бо расонидани зарари ҷиддӣ ва бо истифодаи мақоми хизматӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.