Тоҷикистонро якшанбеи пурбарф интизор аст

Муассисаи давлатии обуҳавошиносии Тоҷикистон аз номусоидии обуҳаво рӯзи якшанбеи ҳамин ҳафта, 1-уми феврал огоҳ мекунад. Бино ба иттилои сомонаи расмии муассисаи обуҳавошиносӣ, рӯзи аввали моҳи феврал дар ҷумҳурӣ обуҳавои ноустувор дар назар дошта шудааст. Гуфта мешавад, дар навоҳии тобеи марказ, минтақаҳои доманакӯҳи вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои ғарби ВМКБ боришоти зиёд пешбинӣ мешавад. «Суръати вазиши […]

ASIA-Plus



Муассисаи давлатии обуҳавошиносии Тоҷикистон аз номусоидии обуҳаво рӯзи якшанбеи ҳамин ҳафта, 1-уми феврал огоҳ мекунад.

Бино ба иттилои сомонаи расмии муассисаи обуҳавошиносӣ, рӯзи аввали моҳи феврал дар ҷумҳурӣ обуҳавои ноустувор дар назар дошта шудааст.

Гуфта мешавад, дар навоҳии тобеи марказ, минтақаҳои доманакӯҳи вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои ғарби ВМКБ боришоти зиёд пешбинӣ мешавад.

«Суръати вазиши шамол аз самти ғарб баъзан то 13-18 метр дар як сония мерасад. Ноҳияҳои ҷудогонаро туман фаро мегирад. Рӯзона ҳарорат 6-8 дараҷа поин меравад. Дар ноҳияҳои кӯҳистон хатари тармафароӣ аз эҳтимол дур нест», – мегӯянд обуҳавошиносон.

Зикр мегардад, ки рӯзи 1-уми феврал дар шаҳри Душанбе барфи зиёд борида, ҳарорат 2-4 дараҷа гарм мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.