Мамадшо Илолов: Мо бояд сари энергетикаи ғайримаъмулӣ биандешем

Олимони тоҷик ояндаи наздик як маркази аёнии пажуҳишӣ оид ба озмоиши таҷрибахо дар соҳаи энергеткиаи ғайримаъмулиро таъсис доданианд. Директори Муассисаи давлатии илмии «Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нав»-и Академияи илмҳои Тоҷикистон Мамадшо Илолов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки бунёди пажуҳишгоҳи аёнӣ, ки дар он нерӯгоҳи барқии ҳамгиро низ насб мешавад, дар […]

Пайрав Чоршанбиев



Олимони тоҷик ояндаи наздик як маркази аёнии пажуҳишӣ оид ба озмоиши таҷрибахо дар соҳаи энергеткиаи ғайримаъмулиро таъсис доданианд.

Директори Муассисаи давлатии илмии «Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нав»-и Академияи илмҳои Тоҷикистон Мамадшо Илолов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки бунёди пажуҳишгоҳи аёнӣ, ки дар он нерӯгоҳи барқии ҳамгиро низ насб мешавад, дар дараи Ромит, 30 километрии шарқи пойтахт ба нақша гирифта шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, дар ин марказ панелҳои офтобӣ, нерӯгоҳҳои барқии шамолӣ (бодӣ) ва дастгоҳҳои генераторҳои биогазӣ насб гардида, пойгоҳи обуҳавошиносӣ низ амал хоҳад кард, то ки обуҳаворо пешгӯӣ намуда, мутаносибан истеҳсоли энергия ба чанд моҳи минбаъдаро тарҳрезӣ намуд.

«Мо бо Академия илмҳо ин масъаларо мувофиқа намуда, аз нақшаҳоямон ҳукумат ҳам огаҳ аст. Дар ин самт бо шариконамон аз Чину Аврупо низ ҳамкорӣ дорем. Ҳампешагони аврупоии мо оид ба истифодаи сарчашмаҳои гуногуни энергияи барқароршаванда аз таҷрибаи кофӣ бархӯрдоранд», – иброз дошт ӯ.

Мамадшо Илолов бар ин назар аст, ки Тоҷикистон бояд ҳарчи зудтар ба омӯзишу истифода ва сарфаи энергияи истеҳсолшуда бар асоси захираҳои офтобу бод ва дигар захираҳои биогеотермалӣ оғоз намояд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.