Тақвияти тадбирҳои ҳимояи марз бо Афғонистон



Бинобар сабаби таҷаммӯъи ҷангиён дар минтақаҳои наздимарзии Афғонистон, нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ба реҷаи пурзӯри адои хизмат гузаронида шуданд.

Тавре аз Сарраёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар бораи таҳкими тадбирҳои ҳимояи марзи давлатӣ дар ин минтақа аз ҷониби воҳидҳои нерӯҳои марзбонӣ ва Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ фармон ба имзо расида, айни замон тамоми ҳудуди марзи Тоҷикистону Афғонистон, ки ҳудуди 1,4 ҳазор километрро ташкил медиҳад, таҳти назорати пурзӯр қарор дода шудааст.

«Ҳукумати Афғонистон айни замон дар минтақаҳои наздисарҳадии Имом-Соҳиб, Дашти Арчӣ ва дигар мавзеъҳои ҳаммарз бо Тоҷикистон амалиёти махсуси аз байн бурдани ҷангиёнро, ки шуморашон 500-1000 нафарро ташкил медиҳад, роҳандозӣ намудааст, – гуфт як манбаъ ба «Азия-Плюс» аз нерӯҳои марзбонӣ. – Мо аз аҳолии кишвар даъват мекунем, ки нигарон набошанд, зеро тамоми масофаи марз бо Афғонистон таҳти назорати пурзӯр гирифта шуда, марзбонон ҳамеша дар ҳолати омодабоши ҷангӣ қарор доранд».

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода зимни нишасти хабарии рӯзи 16-уми январи соли равон дар ин робита

изҳор карда буд,

ки ҷангиёни дар қаламрави наздимарзии Афғонистон бо Тоҷикистон қарордошта ба гурӯҳҳои гуногун, аз ҷумла ҳаракати «Толибон» ва Ҳаракати исломии Ӯзбекистон (Туркистон) мансубанд.

Ба гуфтаи ӯ, сохторҳои дахлдори Тоҷикистон бо мақомоти қудратӣ ва таъмини тартиботи Афғонистон мудом дар тамосанд. «Тибқи қарордоди қаблан ҳосилшуда, ояндаи наздик дар Афғонистон намояндагии ВКД Тоҷикистон боз мегардад, ки ба ҳамоҳанг сохтани кӯшишҳои мақомоти умури дохилии ҳарду кишвар дар самти мубориза бо ҷинояткории муташаккил, ифротгароӣ, терроризм ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир мусоидат менамояд», – изҳор дошта буд Раҳимзода.

spot_imgspot_img

Популярное