Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон боз 100 млн. $ ваъда кард

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Директори Бонки Ҷаҳонӣ оид ба Осиёи Марказӣ Сароҷ Кумар Ҷҳаро ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни баррасии масоили вобаста ба рушди ҳамкории судбахши Тоҷикистон бо ин ниҳоди бонуфузи байналмилалӣ аз ҷараён ва натиҷаҳои он қаноатмандӣ изҳор шуда, бо баҳодиҳии мусбӣ ба рушди бонизоми иқтисоди Тоҷикистон, […]

ASIA-Plus



Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Директори Бонки Ҷаҳонӣ оид ба Осиёи Марказӣ Сароҷ Кумар Ҷҳаро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни баррасии масоили вобаста ба рушди ҳамкории судбахши Тоҷикистон бо ин ниҳоди бонуфузи байналмилалӣ аз ҷараён ва натиҷаҳои он қаноатмандӣ изҳор шуда, бо баҳодиҳии мусбӣ ба рушди бонизоми иқтисоди Тоҷикистон, ки бо вуҷуди таъсири манфии омилҳои беруна ба назар мерасад, ҳамзамон таъкид гардид, ки барои нигоҳ доштани суботи иҷтимоию иқтисодӣ чораҳои муассири зиддибӯҳронӣ пешбинӣ мешаванд.

Гуфтугӯйи судманд доир ба натиҷаҳои татбиқи Стратегияи рушди миллии Тоҷикистон барои то соли 2015 ва муайян намудани афзалиятҳои асосии пешрафт барои давраи то соли 2030 сурат гирифт.

Зикр гардид, ки ҳоло дар Тоҷикистон бо харҷи 185,1 миллион доллари амрикоӣ маблағҳои имтиёзии Бонки Ҷаҳонӣ 12 лоиҳаи инвеститсионӣ дар ҳоли татбиқ қарор доранд ва дар 6 моҳи аввали соли 2015 боз 100 миллион доллари амрикоӣ грант ва қарзи имтиёзӣ барои дастгирии буҷети давлатӣ ва татбиқи дигар лоиҳаҳо ҷудо карда мешавад.

Сароҷ Кумар Ҷҳа изҳор дошт, ки Бонки Ҷаҳонӣ минбаъд низ аз рушди босуботи Тоҷикистон дастгирӣ хоҳад кард. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.