Тақвияти тадбирҳои ҳимояи марз бо Афғонистон

Бинобар сабаби таҷаммӯъи ҷангиён дар минтақаҳои наздимарзии Афғонистон, нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ба реҷаи пурзӯри адои хизмат гузаронида шуданд. Тавре аз Сарраёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар бораи таҳкими тадбирҳои ҳимояи марзи давлатӣ дар ин минтақа аз ҷониби воҳидҳои нерӯҳои марзбонӣ ва Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ фармон ба имзо расида, айни замон тамоми ҳудуди марзи […]

Меҳрангез Турсунзода



Бинобар сабаби таҷаммӯъи ҷангиён дар минтақаҳои наздимарзии Афғонистон, нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ба реҷаи пурзӯри адои хизмат гузаронида шуданд.

Тавре аз Сарраёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар бораи таҳкими тадбирҳои ҳимояи марзи давлатӣ дар ин минтақа аз ҷониби воҳидҳои нерӯҳои марзбонӣ ва Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ фармон ба имзо расида, айни замон тамоми ҳудуди марзи Тоҷикистону Афғонистон, ки ҳудуди 1,4 ҳазор километрро ташкил медиҳад, таҳти назорати пурзӯр қарор дода шудааст.

«Ҳукумати Афғонистон айни замон дар минтақаҳои наздисарҳадии Имом-Соҳиб, Дашти Арчӣ ва дигар мавзеъҳои ҳаммарз бо Тоҷикистон амалиёти махсуси аз байн бурдани ҷангиёнро, ки шуморашон 500-1000 нафарро ташкил медиҳад, роҳандозӣ намудааст, – гуфт як манбаъ ба «Азия-Плюс» аз нерӯҳои марзбонӣ. – Мо аз аҳолии кишвар даъват мекунем, ки нигарон набошанд, зеро тамоми масофаи марз бо Афғонистон таҳти назорати пурзӯр гирифта шуда, марзбонон ҳамеша дар ҳолати омодабоши ҷангӣ қарор доранд».

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода зимни нишасти хабарии рӯзи 16-уми январи соли равон дар ин робита

изҳор карда буд,

ки ҷангиёни дар қаламрави наздимарзии Афғонистон бо Тоҷикистон қарордошта ба гурӯҳҳои гуногун, аз ҷумла ҳаракати «Толибон» ва Ҳаракати исломии Ӯзбекистон (Туркистон) мансубанд.

Ба гуфтаи ӯ, сохторҳои дахлдори Тоҷикистон бо мақомоти қудратӣ ва таъмини тартиботи Афғонистон мудом дар тамосанд. «Тибқи қарордоди қаблан ҳосилшуда, ояндаи наздик дар Афғонистон намояндагии ВКД Тоҷикистон боз мегардад, ки ба ҳамоҳанг сохтани кӯшишҳои мақомоти умури дохилии ҳарду кишвар дар самти мубориза бо ҷинояткории муташаккил, ифротгароӣ, терроризм ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир мусоидат менамояд», – изҳор дошта буд Раҳимзода.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.