Сабти 554 автомобили тоҷикону қазоқон ба номи як зани литвагӣ

Дар Литва як занеро дарёфт кардаанд, ки 554 автомобилҳои шаҳрвандони Тоҷикистону Қазоқистонро ба номи худ сабт кардааст. Бино ба маълумоти хабаргузории «Делфи»-и Литва , ҳамаи автомобилҳои ба номи ӯ сабтшуда ба сокинони Осиёи Марказӣ тааллуқ дошта, ба гуфтаи худи зан, ӯ маъмулан автомашинаҳои шаҳрвандони Тоҷикистону Қазоқистонро, ки тез-тез ба бозори Мариямпол меомадаанд, ба номи худ […]

ASIA-Plus



Дар Литва як занеро дарёфт кардаанд, ки 554 автомобилҳои шаҳрвандони Тоҷикистону Қазоқистонро ба номи худ сабт кардааст.

Бино ба маълумоти

хабаргузории «Делфи»-и Литва

, ҳамаи автомобилҳои ба номи ӯ сабтшуда ба сокинони Осиёи Марказӣ тааллуқ дошта, ба гуфтаи худи зан, ӯ маъмулан автомашинаҳои шаҳрвандони Тоҷикистону Қазоқистонро, ки тез-тез ба бозори Мариямпол меомадаанд, ба номи худ ба қайд мегирифтааст ва барои анҷоми расмиёти сабти автомобилҳои бегона ба номи худ, ба ӯдар ширкати давлатии Regitra 72 евро (250 лит) маблағ пардохт мекардаанд.

Гуфта мешавад, даромади зан аз ин тиҷорат хеле хуб ба роҳ монда шуда, мақомоти пулис ошкор кардаанд, ки ӯ ин автомобилҳоро тариқи ширкати махсуси барои ин мақсад таъсисдодашуд ба қайд мегирифтааст.

Зимнан зикр мегардад, ки ба «соҳибкорзан» мутобиқи моддаҳои қонунӣ гардонидани даромадҳои бо роҳи ҷинояткорӣ бадастомада ва дидаву дониста баёноти бардурӯғ додан бо мақсади дастрас намудани ҳуҷҷатҳо айбнома пешниҳод шудаааст. Суд ӯро гунаҳкор эътироф карда, 3760 евро ҷарима бастааст. Ин маблағро зан бояд дар муддати ним сол пардохт намояд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.