Нимсолаи дуюми соли 2014 ҳудуди 180 ҳазор нафар тоҷикон қаламрави Русияро тарк карданд

Бино ба маълумоти Хадамоти федералии муҳоҷират (ХФМ)-и Русия, бидуни назардошти ба Русия ворид шудани шаҳрвандони Украина, нимсолаи дуюми соли гузашта Русияро ҳадди ақал 1 млн. нафар шаҳрвандони хориҷӣ тарк карданд. Бино ба иттилои РБК , дар шаш моҳи ахири соли 2014 бидуни назардошти шаҳрвандони Украина, 550 ҳазор нафар шаҳрвандони кишварҳои собиқи шӯравӣ (ба истиснои кишварҳои […]

ASIA-Plus



Бино ба маълумоти Хадамоти федералии муҳоҷират (ХФМ)-и Русия, бидуни назардошти ба Русия ворид шудани шаҳрвандони Украина, нимсолаи дуюми соли гузашта Русияро ҳадди ақал 1 млн. нафар шаҳрвандони хориҷӣ тарк карданд.

Бино ба иттилои

РБК

, дар шаш моҳи ахири соли 2014 бидуни назардошти шаҳрвандони Украина, 550 ҳазор нафар шаҳрвандони кишварҳои собиқи шӯравӣ (ба истиснои кишварҳои Назди Балтика) аз қаламрави Русия хориҷ шудаанд ва ин ҳам дар ҳолест, ки нимсолаи аввали ҳамин сол ҳудуди 650 ҳазор нафар шаҳрвандон ин кишварҳо ба қаларави Русия ворид шуда буданд.

Ба иттилои манбаъ, шумори шаҳрвандони собиқ кишварҳои шӯравӣ, ки дар ин давра қаламрави Русияро тарк кардаанд, таври зайл аст: Ӯзбекистон – 364 ҳазор нафар, Тоҷикистон – 178 ҳазор нафар ва Озарбойҷон – 28 ҳазор нафар. Сокинони Молдова ва Арманистон ҳарчанд соли гузашта  аз Русия хориҷ шуда бошанд ҳам, вале нисбат ба моҳи январи соли 2014 моҳи январи соли равон шумори онҳо мутаносибан 16,5 ҳазор ва 44,3 ҳазор нафар афзудааст.

Гуфта мешавад, вуруди сокинони Белорус, Қазоқистон, Гурҷистон ва Абхозистон давоми соли гузашта идома ёфтааст.

Ба гуфтаи раиси ҳаракати ҷамъиятии умумирусиягии «Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик» Каромат Шарипов, тамоили қаламрави Русияро тарк кардани сокинони Тоҷикистон афзуда, шумори онҳоро ӯ 400 ҳазор арзёбӣ кардааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.