Покистон роҳбари «Ҷамоати Ансоруллоҳ»-ро ба ихтиёри Тоҷикистон супурд

Хадамоти иктишофии байниидоравӣ (ISI) – мақомоти асосии иктишофи хориҷии Покистон роҳбари бахши созмони террористии «Ҷамоати Ансоруллоҳ» Қамариддин Аҳроров ва чор нафар ҳаммаслакони ӯ, ҳамчунин як нафар узви ҳаракати «Толибон»-р, ки дар қаламрави Тоҷикистон як қатор амалҳои террористӣ содир карданӣ буданд, ба ихтиёри Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон супурд. Муовини аввали раиси КДАМ Тоҷикистон Мансурҷон Умаров […]

Аваз Юлдошев



Хадамоти иктишофии байниидоравӣ (ISI) – мақомоти асосии иктишофи хориҷии Покистон роҳбари бахши созмони террористии «Ҷамоати Ансоруллоҳ» Қамариддин Аҳроров ва чор нафар ҳаммаслакони ӯ, ҳамчунин як нафар узви ҳаракати «Толибон»-р, ки дар қаламрави Тоҷикистон як қатор амалҳои террористӣ содир карданӣ буданд, ба ихтиёри Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон супурд.

Муовини аввали раиси КДАМ Тоҷикистон Мансурҷон Умаров имрӯз, 4 феврал зимни сухаронӣ дар палатаи поёнии парлумон дар ин бора хабар дод.

Зимни шарҳу тавзеҳи масъалаи тасдиқи Созишнома миёни ҳукуматҳои Тоҷикистону Покистон дар бораи таъсиси гурӯҳи кории муштарак оид ба мубориза бо терроризми байнулмилалӣ, ки ҳанӯз моҳи июни соли 2014 ба имзо расида буд, М.Умаров таъкид дошт, афроде, ки онҳоро Покистон ба ихтиёри Тоҷикистон супурдааст, шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.

Умаров ҳамчунин қайд кард, ки созишномаи мазкур ба таҳкими ҳамкориҳои ҷонибҳо дар бахши таъмини амнияти ҳарду кишвар нигаронида шуда, барои беҳбуди вазъи муҷаҳҳаз будани КДАМ Тоҷикистон бо лавозимоту таҷҳизоти техникӣ, Покистон ҳамчунин воситаҳои махсус низ ҷудо мекунад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.