Кабирӣ: маъракаи интихоботии ноҷавонмардонаро алайҳи ҳизби мо роҳандозӣ кардаанд (Видео)

Муҳиддин Кабирӣ мегӯяд мутаассифона ҳанӯз қабл аз интихоботи парлумонӣ, баъзе доираҳо, шахсиятҳо ба хотири зарба задан ба ҲНИТ маъракаи интихоботии носолим ва ноҷавонмардонаро алайҳи ҳизби мо роҳандозӣ кардаанд. – Ин нуктаро Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон шоми 3-юми феврал дар суханронии телевизиониаш тариқи “Шабакаи Аввал” ироа намуд.   Ӯ дар ин суханрониаш гуфт: […]

Азия Плюс


Муҳиддин Кабирӣ мегӯяд мутаассифона ҳанӯз қабл аз интихоботи парлумонӣ, баъзе доираҳо, шахсиятҳо ба хотири зарба задан ба ҲНИТ маъракаи интихоботии носолим ва ноҷавонмардонаро алайҳи ҳизби мо роҳандозӣ кардаанд. – Ин нуктаро Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон шоми 3-юми феврал дар суханронии телевизиониаш тариқи “Шабакаи Аввал” ироа намуд.  


Ӯ дар ин суханрониаш гуфт:

“Ман фикр мекунам, ки дар чунин рақобатҳои носолим ягон нафар бурд нахоҳад кард. Ҳамаи мо бохт хоҳем дошт. Пеш аз ҳама миллат бохт хоҳад дошт. Ва барои ҳамин мо даъват мекунем, ки аз ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ, аз масъулин, аз номзадҳо, ки ин интихоботро табдил ба як интихоботи ваҳдатофарин ва суботофарин бикунем. Чун ки миллати мо имрӯз ниёзи аз ҳама бештар ба сулҳу ваҳдат дорад”

.


Кабирӣ гуфт: “ҲНИТ бар ин ақида аст, ки интихоботи дар пеш истода бояд интихоботи ваҳдат ва субот бошад”. Ӯ ҳамчунин хотирнишон кард, ки набояд мо интихоботро ба саҳнаи душманӣ, ихтилофандозӣ табдил диҳем. Бояд мо дар асоси қонун, дар асоси фарҳанги сиёсӣ, дар асоси арзишҳои волои миллӣ ва мазҳабиамон як интихоботеро роҳандозӣ кунем, ки боиси таҳкими бештари ваҳдат ва суботи кишварамон шавад.


Муҳиддин Кабирӣ вобаста ба масъалаи ихтилофи дин ва дунявият, ки чандест дар ВАО-и кишвар баҳс мешавад гуфт: ин бисёр масъалаи сохта ва сунъӣ аст. Миллати тоҷик ин ду мафҳум ва ду арзишро дар худ ҷо додааст ва наметавон тоҷик ва тоҷикистониро ба тарафдори мутлақ динӣ ё дунявӣ тақсим кард. Касе талош мекунад миллати тоҷикро ба ду гуруҳ ҷудо кунад: ба гуруҳи динӣ ва дунявӣ. Ман фикр мекунам, ки ҷуз ихтилофандозӣ ва фитнагарӣ дар ҷомеа нест.


Ӯ ҳамчунин илова кард:

“Он дӯстоне, ки масъалаи дину дунявиятро мебардоранд, гуфтаниям, ки ин масъаларо аллакай миллат ҳал кардааст. Дар референдум ва бо қабули Конститутсияи нави Тоҷикистон ин масъала ҳал шуд , миллат иҷозат дод дар кишвари мо як ҳизби сиёсии динӣ вуҷуд дошта бошад. Масъалаи ном салоҳият ва ваколати аъзои ин ҳизб аст. Хоҳиш мекунам сари ин масъала дигар худро азият надиҳанд, танҳо ва танҳо миллат ва қонун дар ин бора метавонад тасмим бигирад ва танҳо аъзои ҳизб дар бораи ном ва ё барномаи ҳизб сухани охирро бигӯянд.



Вале мо бар ин назар нестем, ки пешниҳодҳои дигарон нодида гирем,



ҳатман

меомӯзем, таҳлил мекунем, вале на бо фишор



ва на бо таҳмил кардан

”.

 


Муҳиддин Кабирӣ ҳамчунин илова кард, ки


ҲНИТ бо пешниҳод кардани  27 номзад аз руихати ягонаи  умумиҷумҳуриявӣ ва 22 номзад аз ҳавзаҳои якмандатӣ, бештар аз 600 номзад дар маҷлисҳои маҳаллӣ ва бештар аз 150 номзад ба маҷлисҳои вилоятию шаҳрӣ вориди сабқати интихоботӣ шуд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.