Коҳиши назарраси интиқоли маблағи пулии шахсони воқеъӣ ба Бадахшон

Ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз ҷониби шахсони воқеъӣ дар соли гузашта ба таври назаррас коҳиш ёфт. Бино ба маълумоти намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон, соли 2014 тариқи низоми бонкӣ (қариб нисфи маблағҳо тавассути филиалҳои «Агроинвестбонк» дар вилоят) шахсони воқеъӣ аз хориҷи кишвар ба ВМКБ ҳудуди 50 млн. доллари ИМА маблағи пулӣ […]

Пайрав Чоршанбиев



Ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз ҷониби шахсони воқеъӣ дар соли гузашта ба таври назаррас коҳиш ёфт.

Бино ба маълумоти намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон, соли 2014 тариқи низоми бонкӣ (қариб нисфи маблағҳо тавассути филиалҳои «Агроинвестбонк» дар вилоят) шахсони воқеъӣ аз хориҷи кишвар ба ВМКБ ҳудуди 50 млн. доллари ИМА маблағи пулӣ интиқол додаанд, ки дар муқоиса бо нишондиҳандаи соли 2013 ба миқдори 9 млн. доллари ИМА камтар аст.

Раҳбарияти филиали «Агроинвестбонк» дар вилоят зимни нишасти хабарӣ дар Хоруғ дар ин робита изҳор намуд, ки соли 2014 ҳаҷми умумии маблағҳои пулии аз ҷониби шахсони воқеъӣ интиқолдодашуда наздики 25 млн. доллари ИИА-ро ташкил додааст, ки аз ҳаҷми соли 2013 ба андозаи  4 млн. доллари ИМА камтар мебошад.

Коҳиши ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ ба ВМКБ тариқи низоми бонкӣ ба вилоятро ба таҳримҳои иқтисодии Ғарб нисбати Русия, ки муҳоҷирони кории вилоят асосан дар ин кишвар машғули коранд, нисбат медиҳанд.

Дар ҳамин ҳол, солҳои ахир сохторҳои дахлдори ҷумҳурӣ оид ба ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ аз хориҷи кишвар аз ҷониби шахсони воқеъӣ маълумоти кофӣ намедиҳанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.