Шикояти муовини раиси ҲСДТ аз ба дарозо кашидани сабти номзадиаш ба вакилӣ

Сабти номзади расмани пешбаришудаи муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон (ҲСДТ), доктори улуми ҳуқуқшиносӣ Шокирҷон Ҳакимов аз ҳавзаи якмандатии интихоботии Конибодом бидуни ҳеҷ асосе аз ҷониби комиссия интихоботии маҳаллӣ ба дарозо кашида мешавад. ШокирҷонҲакимов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар суҳбат бо ӯ раиси комиссияи интихоботии ҳавзавӣ изҳор доштааст, ки дар масъалаи сабти […]

ASIA-Plus



Сабти номзади расмани пешбаришудаи муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон (ҲСДТ), доктори улуми ҳуқуқшиносӣ Шокирҷон Ҳакимов аз ҳавзаи якмандатии интихоботии Конибодом бидуни ҳеҷ асосе аз ҷониби комиссия интихоботии маҳаллӣ ба дарозо кашида мешавад.

ШокирҷонҲакимов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар суҳбат бо ӯ раиси комиссияи интихоботии ҳавзавӣ изҳор доштааст, ки дар масъалаи сабти номзадии ӯ аз Душанбе дастурро интизоранд. «Мутобиқи меъёрҳои қонунгузорӣ, комиссияҳои интихоботии ҳавзавӣ дар масъалаи сабти номзадҳо ба вакилӣ ба КМИР Тоҷикистон ҳисоботдеҳ нестанд», – қайд кард Ҳакимов.

Муовини раиси ҲСДТ зикр кард, ки ин ҳолат ба кори гурӯҳи пешазинтихоботии ӯ монеъа эҷод намуда, ба баргузории вохӯриҳо бо интихобкунандагон ва шарҳу тавзеҳи барномаи пешазинтихоботиаш ба онҳо имкон намедиҳад.

Дар ҳамин ҳол, роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додозода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки бесарусомонӣ дар масъалаи сабти расмии Ш.Ҳакимов, бинобар сабаби муроҷиати раиси ҳизб Раҳматилло Зойиров оид ба муваққатан даст кашидан аз иштирок дар интихоботи парлумонӣ ба вуҷуд омад.

«Ахири ҳафтаи гузашта ҲСДТ қарори худро бекор намуда, изҳор дошт, ки дар интихобот ширкат меварзад. Санаи 2 феврал рӯйхати ҳизбии ҲСДТ расман сабт шуда, санаи 3 феврал КМИР ба комиссияҳои ҳавзавӣ дастур фиристод, ки номзадҳои ҲСДТ аз ҳавзаҳои якмандатии интихоботӣ ба қайд гирифта шаванд. Агар ҳамаи ҳуҷҷатҳои Ш.Ҳакимов омода бошанд, аллакай имрӯз номзадии ӯро ба қайд мегиранд», – гуфт ӯ.

Номбурда хотиррасон кард, ки сабти расмии номзадҳо ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумон аз ҳавзах якмандатии интихоботӣ то 9 феврал идома меёбад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.