Боздиди ҳайати Иттиҳоди Аврупо аз АНМН

Рӯзи 3 феврали соли 2015 дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вохурии Директори Агентӣ генерал-лейтенанти милитсия Р. Назарзода бо Роҳбари Шӯъбаи Хадамоти амалиёти хориҷии Иттиҳоди Аврупо оид ба равобити сиёсӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ Тойво Клаар баргузор гардид. Дар вохӯрӣ инчунин муовини Роҳбари Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Иштва Нитрай иштирок намуд. Бино […]

ASIA-Plus



Рӯзи 3 феврали соли 2015 дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вохурии Директори Агентӣ генерал-лейтенанти милитсия Р. Назарзода бо Роҳбари Шӯъбаи Хадамоти амалиёти хориҷии Иттиҳоди Аврупо оид ба равобити сиёсӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ Тойво Клаар баргузор гардид. Дар вохӯрӣ инчунин муовини Роҳбари Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Иштва Нитрай иштирок намуд.

Бино ба иттили шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои дурнамои ҳамкорӣ байни Агентӣ ва Иттиҳоди Аврупо оид ба масоили назорати маводи нашъаовар баррасӣ гардиданд. Директори Агентӣ қайд намуд, ки ҳамкориҳои судманд дар чорчӯбаи Барномаи “Идораи сарҳад дар Осиёи Марказӣ” (“БОМКА) ба роҳ монда шудаанд, ки бо дастгирии Барнома сохтмони Маркази таълимии Кинологӣ ба анҷом расонида шуд. Соли 2014 дар Маркази таълимӣ на танҳо намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон, балки намояндагони мақомоти салоҳиятдори Афғонистон, Покистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ низ омӯзиш гирифтанд.

Р. Назарзода қайд намуд, ки Агентӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои Аврупо, ШМА, Хитой, Россия, Афғонистон, Қирғизистон ва Қазоқистон ҳамкориҳои судманд ба роҳ мондааст.

Роҳбари Агентӣ инчунин қайд намуд, ки барои такмили фаъолияти Агентӣ дастгирии Иттиҳоди Аврупо дар масъалаҳои тайёр намудани кормандони ҷавон, такмили дониши кормандони амалкунанда, дар заминаи Маркази таълимӣ ташкил намудани курсҳои таълимӣ барои такмили ихтисоси кормандони полиси Афғонистон дар масъалаи мубориза бар зидди маводи мухаддир, табодули иттилоот оиди интиқоли маводи нашъаовар тавассути кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Росия, инчунин кӯмаки методӣ дар масъалаҳои офиятбахшии нашъамандон, гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ-оммавӣ, интишори нашрияҳо, ки ба коҳиши талабот ба маводи нашъаовар равона шудаанд, лозим аст.

Меҳмонон қайд намуданд, ки дар чорчӯбаи Стратегияи Иттиҳоди Аврупо доир ба Осиёи Марказӣ дар масъалаҳои мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ҳамкориҳо бо кишварҳои минтақа тақвият меёбанд, чунки ҳалли масъалаи мазкур дар сатҳи як кишвар ғайриимкон аст, барои ин иттиҳоди кӯшишҳои тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ зарур мебошад.

Дар анҷоми вохӯрӣ тарафҳо изҳори боварӣ намуданд, ки ҳамкориҳо дар оянда боз ҳам мустаҳкам хоҳанд гардид.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.