Сафорати ИМА ба марзбонони тоҷик хаймаҳои ҳарбӣ ва воситаи нақлиёт тақдим намуд

Бахши байналмилалии назорати маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқии Сафорати ИМА (INL) ба Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хаймаҳои ҳарбӣ ва воситаи нақлиётро ҳадия намуд. Тавре аз сафорати ИМА дар ҶТ хабар дорданд, ин ҳадя, ки арзишаш тақрибан 100 000 доллари амрикоӣ мебошад, иқтидори техникии Қӯшунҳои сарҳадиро дар таъмини бехатарии сарҳади […]

ASIA-Plus



Бахши байналмилалии назорати маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқии Сафорати ИМА (INL) ба Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хаймаҳои ҳарбӣ ва воситаи нақлиётро ҳадия намуд.

Тавре аз сафорати ИМА дар ҶТ хабар дорданд, ин ҳадя, ки арзишаш тақрибан 100 000 доллари амрикоӣ мебошад, иқтидори техникии Қӯшунҳои сарҳадиро дар таъмини бехатарии сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистонро баланд хоҳад кард.

Гуфта мешавад, ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико тасмим гирифтааст, ки дастгирии сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва адлияи Тоҷикистонро идома дода, бо ҳукумати Тоҷикистон дар таъмини амнияти ҳамаи шаҳрвандони он ҳамкорӣ хоҳад кард. 

Аз соли 1992 инҷониб мардуми Амрико тавассути барномаҳо ва кӯмакҳои башардӯстона барои дастгирӣ намудани ниҳодҳои демократӣ, соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва рушди иқтисодии Тоҷикистон маблағи беш аз 1 млрд. доллари амрикоӣ ҷудо намудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё ҷойи дуюм шуд. Ҷудокорони тоҷик бо 5 медал бармегарданд

Паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқот 2 нишони тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст оварданд.

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.