Боздошти директори маркази ташхиси Конибодом ҳангоми порагирӣ

Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки директори Маркази ташхиси минтақавии шаҳри Конибодом Мамадов Ф., соли таваллудаш 1981 аз зердастонаш, сардорони шӯъбаҳои маркази мазкур С.Б., соли таваллудаш 1971 ва Э.И. соли таваллудаш 1986, сокинони ш. Конибодом ҳар моҳ маблағи аз 600 то 700 сомонӣ ба сифати пора талаб кардааст . […]

ASIA-Plus



Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки директори Маркази ташхиси минтақавии шаҳри Конибодом Мамадов Ф., соли таваллудаш 1981 аз зердастонаш, сардорони шӯъбаҳои маркази мазкур С.Б., соли таваллудаш 1971 ва Э.И. соли таваллудаш 1986, сокинони ш. Конибодом ҳар моҳ маблағи аз 600 то 700 сомонӣ ба сифати пора талаб кардааст

.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, рӯзи 28-уми январи соли 2015 Мамадов Ф. дар утоқи кориаш ҳангоми гирифтани пора ба маблағи 500 сомонӣ аз кормандонаш С.Б. ва Э.И. дастгир гардид.

Гуфта мешавад, нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё ҷойи дуюм шуд. Ҷудокорони тоҷик бо 5 медал бармегарданд

Паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқот 2 нишони тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст оварданд.

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.