Қазоқистон ба иштирок дар сохтмони нерӯгоҳи Роғун омода аст

– Муовини аввали вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Рапил Жошибоев изҳор намуд, ки таъсиси консорсиуми минтақавии обиву энергетикӣ ба ҳалли мушкилоти истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ бо назардошти манфиатҳои ҳамаи кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ имкон фароҳам месозад, – иттилоъ додааст хабарнигори BNews.kz дар Душанбе. «Қазоқистон ба баррасии пешниҳодоти ҷониби Тоҷикистон оид ба иҷрои корҳои пудратӣ дар доираи […]

ASIA-Plus



– Муовини аввали вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Рапил Жошибоев изҳор намуд, ки таъсиси консорсиуми минтақавии обиву энергетикӣ ба ҳалли мушкилоти истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ бо назардошти манфиатҳои ҳамаи кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ имкон фароҳам месозад, – иттилоъ додааст хабарнигори BNews.kz дар Душанбе.

«Қазоқистон ба баррасии пешниҳодоти ҷониби Тоҷикистон оид ба иҷрои корҳои пудратӣ дар доираи лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун омода аст ва таъсиси консорсиуми зикршударо мувофиқи мақсад мешуморад», – иброз доштааст ӯ зимни сафар ба пойтахти Тоҷикистон.

Муовини вазир бори дигар Тоҷикистонро ба ҳамроҳшавӣ ба хартияи «Пули сабз» даъват кард, ки дар Конфронси СММ оид ба рушди устувор маъқул шуморида шуда, ҳадафҳои он бо вазифаҳои асосии барнома бо ташаббуси раҳбарияти Тоҷикистон оид ба истифодаи гидроэнергетикаи аз нигоҳи экологӣ тоза, ҳифзи муҳити зист ва корбарии технологияҳои нав созгор аст.

Жошибоев омодагии мусоидат ба Тоҷикистон ба ҳамроҳшавӣ ба Созмони исломии амнияти озуқувориро тасдиқ намуд, ки аз рӯи натиҷаҳои иҷлосияи 38-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории исломӣ дар Остона (28-30 июни соли 2011) қабул шуда буд. Ғайр аз ин, ӯ иттилоъ дод, ки Қазоқистон ба пардохти аъзоҳаққии Тоҷикистон ба ин созмон дар муддати се сол низ омода аст.

Қобили зикр аст, ки Жошибоев ҷиҳати баррасии дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба ва масъалаҳои омодагӣ ба намоишгоҳи «ЭКСПО», ки соли 2017 дар Остона доир мегардад, ба Душанбе ташриф овард. Зимни сафар ӯ бо муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саид, муовини вазири корҳои хориҷии ҶТ Парвиз Давлатзода ва раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид дидору гуфтушунид кард.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.