Мусодираи беш аз 85 кило маводи мухаддир дар Восеъ



Зимни баргузории чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯйӣ аз ҷониби кормандони милиса дар қаламрави ноҳияи Восеъ автомашинаи тамғаи «Нива» таҳти идораи Хуршед Насимови 23-сола, сокини ноҳияи Ҳамадонӣ боздошт гардид.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, дар вақти азназаргузаронии автомашина аз дохили бағоҷаш 84 килою 50 грамм маводи нашъадори навъи “афюн” ва 1 килою 950 грамм маводи сахттаъсири “героин” дарёфт ва мусодира карда шуд.

Гуфта мешавад, ҳамчунин дар натиҷаи гузаронидани як чорабинии дигари оперативӣ дар ҳудуди шаҳри Чкалов сокини 30-солаи ҳамин шаҳр Азиз Каримов, ки қаблан бо моддаи 249 КҶ ҶТ суд шудааст, бо гумони муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дастгир гардида, дар вақти кофтукови шахсӣ аз дохили пакети селофаниаш 315 грамм маводи сахттаъсири “героин” дарёфт ва мусодира карда шудааст.

Зимнан зикр мегардад, ки ҷамъи умумии маводи мухаддири мусодирагардида 86 килою 315 граммро ташкил дода, нисбати далелҳои мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардидааст ва тафтишот дар ин самт идома дорад.

spot_imgspot_img

Популярное