Ҳалокати 4 нафар бо айби ронандаи ноболиғ дар ноҳияи Румӣ

Бар асари як садамаи нақлиёти фоҷеабор дар вилояти Хатлон 4 нафар ба ҳалокат расиданд. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, ахири ҳафтаи гузашта ронандаи автомашинаи тамғаи “Шаанчи-Долун, ноболиғ С.Р.-и 17-сола, истиқоматкунандаи ш. Қӯрғонтеппа бе ҳуҷҷати ронандагӣ, ки автомашинаи мазкур ба шаҳрванд Атаҷонов Аҳлиддин тааллуқ дорад, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе-Панҷи поён аз самти ноҳияи […]

ASIA-Plus



Бар асари як садамаи нақлиёти фоҷеабор дар вилояти Хатлон 4 нафар ба ҳалокат расиданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, ахири ҳафтаи гузашта ронандаи автомашинаи тамғаи “Шаанчи-Долун, ноболиғ С.Р.-и 17-сола, истиқоматкунандаи ш. Қӯрғонтеппа бе ҳуҷҷати ронандагӣ, ки автомашинаи мазкур ба шаҳрванд Атаҷонов Аҳлиддин тааллуқ дорад, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе-Панҷи поён аз самти ноҳияи Ҷ.Рӯмӣ ба самти ноҳияи Қумсангир, дар ҳудуди деҳаи Истиқлоли ноҳияи Ҷ.Рӯмӣ аз ӯҳдаи идораи автомашина набаромада, ба самти муқобили роҳ мебарояд ва ба автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра”, таҳти идораи ронанда Ҳамроев Абдулвоҳиди 56-сола, сокини ноҳияи Рӯдакӣ бармехӯрад.

Гуфта мешавад, бар асари ин бархӯрд ронандаи автомашаинаи «Опел-Вектра» ва мусофирони ӯ – сокинони ноҳияи Рӯдакӣ – Муривташо Наврӯзови 50-сола, Табаракшо Наврӯзови 56-сола ва сокини 30-солаи ноҳияи Қумсангир Ҳусейн Урозалиев аз ҷароҳатҳои ҷисмонии бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.