БАТР: Ҳаҷми интиқоли маблағ аз Русия ба Тоҷикистон начандон коҳиш ёфт

Зимни муаррифии гузориш дар бораи давраи гузариш ва пешгӯии иқтисодии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) дар Душанбе санаи 9-уми феврал сариқтисодчии бонки мазкур оид ба Осиёи Марказӣ Агрис Прейманис иттилоъ дод, ки ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ аз Русия ба Тоҷикистон дар соли гузашта тақрибан дар сатҳи соли 2013 боқӣ монд. «Мо алҳол коҳиши босуръати […]

Пайрав Чоршанбиев



Зимни муаррифии гузориш дар бораи давраи гузариш ва пешгӯии иқтисодии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) дар Душанбе санаи 9-уми феврал сариқтисодчии бонки мазкур оид ба Осиёи Марказӣ Агрис Прейманис иттилоъ дод, ки ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ аз Русия ба Тоҷикистон дар соли гузашта тақрибан дар сатҳи соли 2013 боқӣ монд.

«Мо алҳол коҳиши босуръати ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулиро мушоҳида намекунем, вале буҳрон дар Русия дар ҳоли афзоиш аст ва шояд ин ҳолат давоми сол ба вуҷуд ояд», – иброз дошт номбурда.

Тибқи маълумоти БАТР, давоми 9 моҳи соли гузашта ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ аз Русия ба Тоҷикистон 3 млрд. 16 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта ҳамагӣ 1% (9 моҳи соли 2013 – 3 млрд. 45 млн. доллари ИМА) камтар аст.

Прейманис қайд кард, ки имрӯз иқтисоди Тоҷикистон ба интиқоли маблағҳои пулӣ зиёд вобаста аст ва «ҳукумати Тоҷикистон инро эътироф мекунад». «Барои кам кардани вобастагии иқтисоди кишвар аз интиқоли маблағҳои пулӣ рушди бахши дохилӣ зарур аст», – пешниҳод кард иқтисодчии БАТР.

Намояндаи бонк коҳиши ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ ба Тоҷикистон дар соли 2015-ро пешгӯӣ карда, дар ҳамин ҳол шарҳ дод, ки ӯ «дар бораи комилан аз байн рафтани ин низом» ҳарф намезанад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.