Нисбати 7 тан аз 11 нафари боздоштшуда ба гумони узвият дар ҷараёни мазҳабии «Салафия» дар вилояти Суғд парвандаи ҷиноӣ боз шуд.
Аз шуъбаи тафтиши парвандаҳои ҷиноятии махсусан муҳими прокуратураи вилояти Суғд ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки аз 11 нафари боздоштшуда нисбати 7 тан парвандаи ҷиноӣ боз шуда, 4 нафари онҳо ба сифати шоҳидон баёнот хоҳанд дод, зеро «дар амалҳои онҳо алҳол аломатҳои фаъолияти ифтротгароӣ ошкор нагардида, онҳо танҳо ба иштирок дар маҷлисҳои салафиён оғоз карда будаанд».
Ба иттилои манбаъ, маҷлисҳоро роҳбари гурӯҳ, сокини 29-солаи шаҳри Хуҷанд Шуҳрат Қӯзибоев мегузаронидааст, ки дар шаҳри Мадинаи Арабистони Саудӣ таълими динӣ гирифтааст.
«Нисбати Шуҳрат Қӯзибоев ва Умед Ҳоҷиев, сокини 29-солаи ҷамоати Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мутобиқи моддаҳои 307, дараҷ. 3, қ. 2 ва 187, қ. 1 ва нисбати 5 нафари боқимонда мутобиқи моддаи 307, дараҷаи 3, қисми 2-и Кодекси ҷиноии ҶТ парвандаи ҷиноӣ оғоз гардид», – гуфтанд дар прокуратура.
Чанде қабл дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ ба гумони узвият дар созмони ифротгарои «Салафия»
11 нафар сокинони вилоят боздошт шуданд.
Бино ба маълумоти маркази матбуоти Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Суғд, ин гурӯҳ таҳти сарварии сокини 29-солаи шаҳри Хуҷанд Шуҳрат Қӯзибоев, ки дар яке аз кишварҳои исломӣ таълим гирифтааст, фаъолият доштаанд.
«Аъзои ин гурӯҳ дар ҷараёни чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯи дастгир шуда, ҳамаи боздоштшудагон сокинони аз 25 то 35-солаи шаҳри Хуҷанд ва ҷамоати Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мебошанд», – гуфта буданд дар раёсати ВКД.
Ёдрас мекунем, ки ҷараёни мазҳабии «Салафия», ки фаъолияташро аввали соли 2009 Суди олии ҷумҳурӣ манъ карда буд,
гурӯҳи ифротгаро дар Тоҷикистон эътироф шуд.
Қобили зикр аст, ки ҳукми нахуст нисбати тарафдорони ҷараёни «Салафия» дар Тоҷикистон моҳи октябри соли 2010 аз ҷониби суди ноҳияи Сино содир гардида буд. Бо ин ҳукм 7 нафар – Сироҷиддин Абдураҳмонов, яке аз ҷонибдорони маъруфи ин ҷараён, Киромиддин Абдураҳмонов, писари ӯ ва ҳамчунин Абдураҳмон Абдураҳимов, Муҳаммадраҷаб Наврӯзов, Шаҳобиддин Саидов, Музаффар Файзуллоев ва Икромиддин Юсуфов маҳкум шуда буданд.
Аз соли 2006 бо пешниҳоди Прокуратураи генералии ҶТ 10 гурӯҳҳои ифротгаро, аз ҷумла «Ал-Қоида», Ҳаракати исломии Ӯзбекистон, «Ҷамоати Таблиғ», «Толибон», «Тоҷикистони озод», «Ҳизб-ут Таҳрир» ва ғайра ба феҳристи созмону ҳаракатҳои фаъолияташон дар қаламрави Тоҷикистон манъшуда шомил гардиданд. Аз моҳи октябри соли 2014 бо шомил гардидани ҳаракати ҷамъиятии «Гурӯҳи 24» шумори чунин созмонҳо дар рӯйхат афзуд.



