«Озодӣ»: Табибзани тоҷик аз асорат дар Яман озод шуд

Гулрухсор Рофиева, ҳамшираи шафқати тоҷик, ки дар Яман кор мекард, имрӯз 10-уми феврал баъди асорати қариб 4-моҳа озод карда шуд. Тибқи иттилои Радиои «Озодӣ» бо истинод ба маълумот аз намояндагии ширкати русиягӣ дар Яман, Гулрухсор Рофиева  ҳоло дар маҳалли кораш – бемористони маркази вилояти Маъриб қарор дошта, қарор аст, ки то 2 рӯзи дигар ба […]

ASIA-Plus



Гулрухсор Рофиева, ҳамшираи шафқати тоҷик, ки дар Яман кор мекард, имрӯз 10-уми феврал баъди асорати қариб 4-моҳа озод карда шуд.

Тибқи иттилои

Радиои «Озодӣ»

бо истинод ба маълумот аз намояндагии ширкати русиягӣ дар Яман, Гулрухсор Рофиева  ҳоло дар маҳалли кораш – бемористони маркази вилояти Маъриб қарор дошта, қарор аст, ки то 2 рӯзи дигар ба пойтахти Яман, шаҳри Санъо мерасад.

Манучеҳр Абдуев, як намояндаи ширкати Русия дар Яман гуфтааст, Гулрухсор Рофиева  субҳи 10-уми феврал озод карда шудааст.

Ёдрас мекунем, ки сокини 36-солаи шаҳри Панҷакент, ки дар шуъбаи занонаи госпитали ҳарбии Маъриб кор мекард, рӯзи 29-уми октябри соли гузашта аз ҷониби афроди номаълум рабуда шуда буд. То ин замон дар бораи тақдири минбаъдаи ӯ чизе маълум набуд.

Яке аз табибони тоҷике, ки дар бемористони шаҳри Маъриб кор мекунад, низ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ  тасдиқ кардааст, ки Гулрухсор Рофиеваро тақрибан 2 соат пеш раҳо карданд ва ин табиб ӯро аз наздик дидааст: «Чеҳрааш каме азиятдида ба назар меояд, маълум, ки хеле азоб кашидааст дар дасти гаравгонгирҳо. Вале ба сурати умум, Гулрухсор хеле хушҳол буд».

Дар ҳамин ҳол, дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз озодии табибзани тоҷик аз асорат дар Яман маълумот дар ихтиёр надоранд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.