Ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозии шарикони рушд

Ноил шудан ба гуногунсамти ва рақобатпазирии назарраси иқтисодии Тоҷикистон ҳамчун ҳадафи асосии аъзои Шӯрои ҳамоҳангсозии шарикони рушд (ШҲШР) дар ҷаласаи имрӯзаи Шӯрои миллии рушд ва Форуми Рушди Тоҷикистон, ки аз тарафи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазир Қоҳир Расулзода раисӣ мешуд, эълон гардид.    Тавре аз котиботи Шӯрои ҳамоҳангсозии шарикони рушди ҶТ хабар доданд, ҷаласаи […]

ASIA-Plus



Ноил шудан ба гуногунсамти ва рақобатпазирии назарраси иқтисодии Тоҷикистон ҳамчун ҳадафи асосии аъзои Шӯрои ҳамоҳангсозии шарикони рушд (ШҲШР) дар ҷаласаи имрӯзаи Шӯрои миллии рушд ва Форуми Рушди Тоҷикистон, ки аз тарафи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазир Қоҳир Расулзода раисӣ мешуд, эълон гардид.

  

Тавре аз котиботи Шӯрои ҳамоҳангсозии шарикони рушди ҶТ хабар доданд, ҷаласаи мазкур анҷоми амалӣ намудани Стратегияи миллии рушд барои солҳои 2008-2015 ва Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015-ро қайд намуд.

Аъзои  ШҲШР, ки аз 30 ташкилоти бисёрҷониба, дуҷониба ва ташкилотҳои аъзои Созмони миллали муттаҳид иборат ҳастанд, иқдоми давлатро дар ноил шудан ба афзалиятҳои стратегӣ, алалхусус ноилшавӣ ба истиқлолияти энергетикӣ, беҳтар намудани иртибототи нақлиетӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, беҳтар намудани идоракунии давлатӣ, рушди сектори хусусӣ ва захираҳои инсониро таҳсин намуданд. Инчунини дигар, иштироккунандагони ҷаласа мушкилотҳои ҷойдоштаи вобаста ба беҳтар намудани сатҳи некӯаҳволӣ ва кам кардани сатҳи камбизоатӣ, алалхусус дар деҳот, муҳокима намуданд.

Ҳамчун қадамҳои минбаъда, шарикони рушд  бори дигар изҳори омодагии дастгирии молиявӣ ва техникиро дар  ноил шудан ба ҳадафҳои рушд ва афзалиятхо, ки дар Стратегияи миллии рушди солҳои 2016-2030 иброз намуданд. Стратегияи нав диққати асосиро ба мавзӯъҳои беҳтар намудани самаранокии иқтисодии кишвар, гуногунсамти ва рақобатпазирӣ медиҳад. Амалисозии муштараки раванди мазкур боиси рушди боз ҳам самараноктар тавассути ҳамкории зичи шарикони байнамлилалии рушд ва Ҳукумат дар солҳои оянда хоҳад гардид.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.