Моҳи январ нарху тарифҳои хизматгузорӣ 0,6% боло рафтанд

Мизони таваррум дар бахши истеъмолии Тоҷикистон дар моҳи январи соли равон 0,6%-ро ташкил дод. Моҳи январи соли гузашта ин нишондиҳанда ба 0,4% баробар буд. Гуфта мешавад, сатҳи таваррум дар бахши истеъмолии Тоҷикистон дар ифодаи солона 7,7%-ро ташкил додааст. Ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, ки сатҳи таваррум дар бахши истеъмолии кишвар дар соли равонро дар мизони 7,5% […]

ASIA-Plus



Мизони таваррум дар бахши истеъмолии Тоҷикистон дар моҳи январи соли равон 0,6%-ро ташкил дод. Моҳи январи соли гузашта ин нишондиҳанда ба 0,4% баробар буд.

Гуфта мешавад, сатҳи таваррум дар бахши истеъмолии Тоҷикистон дар ифодаи солона 7,7%-ро ташкил додааст.

Ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, ки сатҳи таваррум дар бахши истеъмолии кишвар дар соли равонро дар мизони 7,5% нигоҳ дорад.

Ёдрас мекунем, ки мизони таваррум соли 2014 дар бахши истеъмолии Тоҷикистон 7,4%-ро ташкил дод, ки аз сатҳи пешбиникардаи ҳукумат 0,1 банди фоизӣ камтар аст.

Дар ҳамин ҳол, Бонки ҷаҳонӣ сатҳи таваррум дар Тоҷикистон дар соли гузаштаро – дар сатҳи 7% ва Хазинаи байнулмилалии асъор – дар сатҳи 6,6% пешгӯӣ карда буданд.

Ёдрас мекунем, ки сатҳи таварруми соли 2013 дар ҷумҳурӣ сабтшуда – 3,7% аз ҳама пасттарин дар замони истиқлолияти кишвар мебошад. То ин замон сатҳи нисбатан пасти таваррум соли 2012 ба қайд гирифта шуда буд, ки 6,4%-ро ташкил дода буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.