Ҳалокати ноболиғ зимни як сӯхтор дар Душанбе

Дар манзили зисти сокини 58-солаи маҳаллаи Зарафшони пойтахт Насриддин Аҳмедов рӯзи 9-уми феврал сӯхтор сар зад. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, оташ масоҳати 10 метри мураббаъро фаро гирифта, дар натиҷа писари ноболиғи 6-солааш Юсуф Аҳмедов аз дуди ғализ заҳролуд  гашта,  ба ҳалокат расидааст.  Зарари  расонидашуда  2500 сомониро ташкил дода, сабаби  сар задани сӯхтор […]

ASIA-Plus



Дар манзили зисти сокини 58-солаи маҳаллаи Зарафшони пойтахт Насриддин Аҳмедов рӯзи 9-уми феврал сӯхтор сар зад.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, оташ масоҳати 10 метри мураббаъро фаро гирифта, дар натиҷа писари ноболиғи 6-солааш Юсуф Аҳмедов аз дуди ғализ заҳролуд  гашта,  ба ҳалокат расидааст.  Зарари  расонидашуда  2500 сомониро ташкил дода, сабаби  сар задани сӯхтор беназорат мондани асбобҳои барқӣ унвон шудааст.

Гуфта мешавад, ҳамин рӯз дар хонаи сокини шаҳри Ваҳдат Фариза Абдуназароваи 26-сола низ бар асари расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ дар масоҳати 20 метри мураббаъ сӯхтор ба амал омада, зиёни расида  аз оташ 3640 сомониро ташкил додааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.