Муноқиша миёни қазоқҳову тоҷикон дар ҷануби Қазоқистон

Қатли як ҷавон дар вилояти Қазоқистони Ҷанубӣ сабаби тазоҳуроту бетартибӣ дар як рустои ин вилоят шуд. Бино ба иттилои бахши тоҷикии торнамои радиои «Озодӣ» , Раёсати минтақавии пулиси Қазоқистон гуфтааст, дар натиҷаи бетартибиҳои шоми 5-уми феврал дар рустои Интимоқ чандин мошинро оташ задаанд ва чанд хона ҳам осеб дидааст. Гуфта мешавад, бетартибӣ баъди он сар […]

ASIA-Plus



Қатли як ҷавон дар вилояти Қазоқистони Ҷанубӣ сабаби тазоҳуроту бетартибӣ дар як рустои ин вилоят шуд.

Бино ба иттилои бахши тоҷикии торнамои

радиои «Озодӣ»

, Раёсати минтақавии пулиси Қазоқистон гуфтааст, дар натиҷаи бетартибиҳои шоми 5-уми феврал дар рустои Интимоқ чандин мошинро оташ задаанд ва чанд хона ҳам осеб дидааст.

Гуфта мешавад, бетартибӣ баъди он сар задааст, ки мардуми рустои Интимоқ, рӯзи 4-уми феврал ҷасади кордхӯрдаи Бахтиҷон Ортиқов, як сокини русторо дар наздикии рустои Бустондиқ пайдо кардаанд. Навмиддин Норматов, сокини ҳамин русто, ки ба қатл муттаҳам мешавад, ғайб задааст.

Як афсари пулиси минтақа рӯзи 5-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки “байни тоҷикону қазоқҳо нофаҳмӣ сар зада” ва сабаби бетартибӣ шудааст. Ба гуфтаи мақомоти маҳаллӣ, баъди сафарбар шудани маъмурони амниятӣ ва милиса, вазъ дар рустои Интимоқ ором шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.