Қаноатмандии Тоҷикистон аз рушди ҳамкорӣ бо JICA

Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматулозода бо ноиби президенти Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) ҷаноби Киёши Кодера мулоқот орост. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати мазкур, дар оғози вохӯрӣ ҷаноби Киёши Кодера Неъматулло Ҳикматуллозодаро барои ба мансаби вазир таъин шудан табрик намуда, сипас, аз мақсади мулоқоташ, ки баррасии фаъолияти JICA дар […]

ASIA-Plus



Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматулозода бо ноиби президенти Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) ҷаноби Киёши Кодера мулоқот орост.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати мазкур, дар оғози вохӯрӣ ҷаноби Киёши Кодера Неъматулло Ҳикматуллозодаро барои ба мансаби вазир таъин шудан табрик намуда, сипас, аз мақсади мулоқоташ, ки баррасии фаъолияти JICA дар Тоҷикистон ва таъсири омилҳои берунӣ ба иқтисоди кишвар мебошад, ибрози назар намуд.

Гуфта мешавад, Н.Ҳикматуллозода дар навбати худ аз густариши ҳамкории судманд байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷопон, алалхусус дар самти Агентӣ оид ба ҳамкории байналмилалӣ изҳори қаноатмандӣ намуд.

Зимнан зикр мегардад, ки тақвияти ҳамкориҳои мутақобилан муфид, таҳияи Стратегияи нави JICA барои Тоҷикистон, вазъи иқтисоди кишвар ва омилҳои рушди устувори он, робитаҳои иқтисодии хориҷӣ ва татбиқи барномаҳои муштарак аз мавзуъҳои дигари мулоқоти дуҷониба буданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.