ҲИИТ дар маъракаи интихоботӣ 66 номзад пешбарӣ намуд

Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон (ҲИИТ) ба маъракаи интихобот ба палатаи поёнии парлумон ва маҷлисҳои маҳаллӣ 66 нафар номзад пешбарӣ намуд. Раиси ҲИИТ, доктори улуми иқтисодӣ Олимҷон Бобоев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки тибқи рӯйхати ҳизбӣ аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ 6 нафар ва аз ҳавзаҳои якмандатии интихоботӣ 12 нафар намояндагони ҳизб номзад ба […]

Аваз Юлдошев



Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон (ҲИИТ) ба маъракаи интихобот ба палатаи поёнии парлумон ва маҷлисҳои маҳаллӣ 66 нафар номзад пешбарӣ намуд.

Раиси ҲИИТ, доктори улуми иқтисодӣ Олимҷон Бобоев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки тибқи рӯйхати ҳизбӣ аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ 6 нафар ва аз ҳавзаҳои якмандатии интихоботӣ 12 нафар намояндагони ҳизб номзад ба вакилӣ дар Маҷлиси намондагон пешбарӣ шудаанд.

Ба гуфтаи ӯ, боз 48 нафар фаъолон аз ҷумлаи аъзои ҲИИТ дар маъракаи интихоботи вакилон ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят ва шаҳру навоҳӣ ширкат меварзанд.

Дар идома ӯ қайд кард, ки айни замон ҲИИТ дар тамоми минтақаҳои кишвар ба паҳн кардани 15 ҳазор лавҳаҳои таблиғотӣ ва ҳудуди 7 ҳазор нусха нашрияи ҳизбии «Иқтисод ва ҳаёт» бо дарҷи барномаи пешазинтихоботии ҳизб машғул аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.