Кумаки JICA ба Тоҷикистон дар коҳиши таъсири манфии омилҳои беруна

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ҷаласаи навбатии Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз муовини роҳбари Агентии Япония оид ба рушди байналмилалӣ (JICA) Киёши Кодероро ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили вобаста ба рушди ҳамкории дуҷониба ва байналмилалии Тоҷикистону Япония баррасӣ шуда, Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумати […]

ASIA-Plus



Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ҷаласаи навбатии Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз муовини роҳбари Агентии Япония оид ба рушди байналмилалӣ (JICA) Киёши Кодероро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили вобаста ба рушди ҳамкории дуҷониба ва байналмилалии Тоҷикистону Япония баррасӣ шуда, Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумати Япония ва Агентии ин кишвар оид ба рушди байналмилалӣ барои кумаку дастгирии пайваста аз пешрафту тараққиёти Тоҷикистон арзи сипос кард ва изҳори бовар намуд, ки доираи ҳамкории ду кишвар дар оянда боз ҳам густариш хоҳад ёфт.

Зикр гардид, ки дар тӯли солҳои ҳамкорӣ бо Япония ба Тоҷикистон бештар аз 300 миллион доллари америкоӣ грант ва 60 миллион доллари америкоӣ кумаки техникӣ пешниҳод шудааст, ки барои татбиқи лоиҳаҳои муҳимми сармоягузорӣ дар бахшҳои мухталифи иқтисод, инчунин ба ташаккули иқтидор ва рушди институтсионалӣ равона карда шудаанд. Ҳоло чандин лоиҳаҳо дар бахшҳои иҷтимоӣ, энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ ва рушди ноҳияҳои дурдаст, аз ҷумла бо оби нӯшокӣ таъмин намудани аҳолӣ, амалӣ мешаванд.

Соли гузашта ду лоиҳаи нав оид ба обтаъминкунии аҳолии ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон ва барои беҳтар намудани фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба имзо расид.

Тавассути ҳамкории босамар дар соҳаи маориф аз соли 1993 то ба имрӯз беш аз 1800 намояндаи Тоҷикистон бо курсҳои гуногуни омӯзишӣ дар Япония фаро гирифта шудаанд.

Киёши Кодеро таъкид дошт, ки Агентии Япония оид ба рушди байналмилалӣ оянда ҳамкорӣ бо Тоҷикистонро беш аз пеш рушду густариш медиҳад, ба хусус барои коҳиш додани таъсири манфии омилҳои беруна, аз ҷумла таъсири мушкилоти иқтисодии баъзе давлатҳо, ки шариконии муҳими иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон ба шумор мераванд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.