Озод шудани халабони тоҷик аз тавқифгоҳи шаҳри Триполи



Халабон (лётчик)-и тоҷик Акмал Раҳматов ҳафтаи гузашта аз тавқифгоҳи муваққатии шаҳри Триполи озод шуда, санаи 8-уми феврал тариқи Истамбул ба Дубай рафт ва фаъолияти касбии худро дар Аморати Муттаҳидаи Араб идома мебахшад. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии ҶТ иттилоъ медиҳад.

Ёдрас мекунем, ки ҳавопаймои боркаши Airbus-300, мутааллиқ ба ширкати «Route Aviation», ки дар Шарҷа (АМА) ба қайд гирифта шудааст, 13-уми ноябри соли гузашта дар Либия ба ҳабс гирифта шуда буд. Тавассути ин ҳавопаймо маҳсулоти ғизойӣ ва дорувории гуманитарӣ аз Дубай ба Либия интиқол дода мешуд. Чанд тан аз сарнишинони ин ҳавопаймо, аз ҷумла шаҳрванди Тоҷикистон А.Раҳматов 21-уми декабри ба тавқифгоҳи муваққатии шаҳри Триполи мунтақил шуда буданд.

spot_imgspot_img

Популярное