Гумонбарии як сокини пойтахт ба таҷовуз ба номуси фарзандонаш

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ, як сокини шаҳри Душанбе ба гумони таҷовуз ба номуси фарзандонаш боздошт шудааст. Тавре маркази матбуоти ВКД ҶТ дар ин робита иттилоъ медиҳад, зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия шаҳрванди 47-сола Ҷ.М., ки пеш бо моддаи 228 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Русия суд шудааст, бо гумони таҷовуз […]

ASIA-Plus



Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ, як сокини шаҳри Душанбе ба гумони таҷовуз ба номуси фарзандонаш боздошт шудааст.

Тавре маркази матбуоти ВКД ҶТ дар ин робита иттилоъ медиҳад, зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия шаҳрванди 47-сола Ҷ.М., ки пеш бо моддаи 228 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Русия суд шудааст, бо гумони таҷовуз ба номус ва содир намудани дигар ҳаракатҳои зӯроварии дорои хусусиятҳои шаҳвонидошта дастгир гардид.

Гуфта мешавад, муайян карда шудааст, ки ӯ моҳи декабри соли 2014 бо роҳи зӯроварӣ ба номуси духтараш Ҷ.Ш. соли таваллудаш 1993, таҷовуз намуда, бо ин қонеъ нагардида, нисбаташ ҳаракатҳои зӯроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ намудааст.

Ҳамчунин номбурда санаи 03.02.с.2014 нисбати писари 14-солаи ноболиғаш, хонандаи мактаби таҳсилоти умумӣ, аз вазъияти оҷизонааш  истифода бурда, ҳаракатҳои зӯроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ намудааст.

Зимнан зикр мегардад, ки нисбати ҳодисаҳои мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.