Озод шудани халабони тоҷик аз тавқифгоҳи шаҳри Триполи

Халабон (лётчик)-и тоҷик Акмал Раҳматов ҳафтаи гузашта аз тавқифгоҳи муваққатии шаҳри Триполи озод шуда, санаи 8-уми феврал тариқи Истамбул ба Дубай рафт ва фаъолияти касбии худро дар Аморати Муттаҳидаи Араб идома мебахшад. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии ҶТ иттилоъ медиҳад. Ёдрас мекунем, ки ҳавопаймои боркаши Airbus-300, мутааллиқ ба ширкати «Route Aviation», ки дар Шарҷа […]

ASIA-Plus



Халабон (лётчик)-и тоҷик Акмал Раҳматов ҳафтаи гузашта аз тавқифгоҳи муваққатии шаҳри Триполи озод шуда, санаи 8-уми феврал тариқи Истамбул ба Дубай рафт ва фаъолияти касбии худро дар Аморати Муттаҳидаи Араб идома мебахшад. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии ҶТ иттилоъ медиҳад.

Ёдрас мекунем, ки ҳавопаймои боркаши Airbus-300, мутааллиқ ба ширкати «Route Aviation», ки дар Шарҷа (АМА) ба қайд гирифта шудааст, 13-уми ноябри соли гузашта дар Либия ба ҳабс гирифта шуда буд. Тавассути ин ҳавопаймо маҳсулоти ғизойӣ ва дорувории гуманитарӣ аз Дубай ба Либия интиқол дода мешуд. Чанд тан аз сарнишинони ин ҳавопаймо, аз ҷумла шаҳрванди Тоҷикистон А.Раҳматов 21-уми декабри ба тавқифгоҳи муваққатии шаҳри Триполи мунтақил шуда буданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Табдили рақамии Тоҷикистон: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.