Тайи 4 соли ахир СММ ба рушди Тоҷикистон 346 млн. $ маблағгузорӣ кард

Нимаи дуюми рӯзи 9-уми феврал Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон намояндаи доимии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (СММ), ҳамоҳангсози фаъолияти СММ дар Тоҷикистон Александр Зуев ва роҳбарони намояндагиҳои сохторҳои ин созмон дар кишварро ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили вобаста ба рушди ҳамкории пурсамари Тоҷикистон бо ин созмони […]

ASIA-Plus



Нимаи дуюми рӯзи 9-уми феврал Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон намояндаи доимии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (СММ), ҳамоҳангсози фаъолияти СММ дар Тоҷикистон Александр Зуев ва роҳбарони намояндагиҳои сохторҳои ин созмон дар кишварро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили вобаста ба рушди ҳамкории пурсамари Тоҷикистон бо ин созмони бонуфуз баррасӣ шуда, Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат изҳор дошт: “Мо ҳамкории Ҳукумати Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳидро дар ҷодаи дастёбӣ ба Ҳадафҳои рушди Ҳазорсола ба таври мусбат арзёбӣ менамоем, зеро дар чаҳорчӯбаи он Стратегияи миллии рушди кишвар қабул гардида, ба хотири таъмини рушди устувор ва боло бурдани некуаҳволии мардум дар амал бомуваффақият татбиқ мешавад”.

Тавре зикр гардид, дар чаҳорчӯбаи ҳамкории босамари Тоҷикистон бо 23 ниҳоди Созмони Милали Муттаҳид дар солҳои 2010-2014 қариб 100 лоиҳа ба маблағи умумии 346 миллион доллари амрикоӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои ислоҳоти идораи давлатӣ, маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, кишоварзӣ, бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ ва ғайра, ба иҷро расид.

Зимни суҳбати созанда таваҷҷуҳи асосӣ ба таҳияи Барномаи қолабии Созмони Милал оид ба Мададрасонӣ бо Ҳадафҳои рушд дар Тоҷикистон (ЮНДАФ) барои солҳои 2016-2020, ки 12 самти ояндадори ҳамкории муштаракро дар назар дорад, зоҳир шуд.

Чунонки таъкид гардид, барномаи номбурда бояд бо Стратегияи нави рушди Тоҷикистон, ки ояндаи миёнамуҳлат ва дарозмуҳлати рушди иҷтимоӣ-иқтисодии кишварро мутаносибан барои то соли 2020 ва то соли 2030 пешбинӣ менамояд, ҳамоҳанг бошад. Ҳадафу вазифаҳо барои оянда бояд дуруст муайян шуда, барои иҷрои онҳо маҷмӯи тадбирҳо андешида шаванд.

Дар мулоқот ҳамчунин намояндаи Барномаи ҷаҳонии озуқавории СММ Николас Оберлин, намояндаи Созмони кишоварзӣ ва озуқаи СММ Виорел Гутсу, иҷрокунандаи вазифаи намояндаи Хазинаи кӯдакони СММ Лучиа Элми ва намояндаи Созмони ҷаҳонии тандурустии СММ Павел Урсу иштирок ва изҳори андеша карданд.

Зимни андешарониҳо намояндагони СММ дар Тоҷикистон ба ташаббусу ибтикороти созандаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ дар бахшҳои гуногуни ҷомеаи башарӣ баҳои баланд дода, омодагии худ ва СММ-ро барои татбиқи босамари онҳо таъкид доштанд.

Изҳори бовар карда шуд, ки ҳамкории Тоҷикистон бо сохторҳои гуногуни Созмони Милали Муттаҳид оянда ҳам судбахшу боровар хоҳад буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.