КДАМ узви КМИР аз ҲНИТ-ро боздошт намуд



Кумитаи давлатии амнияти милии Тоҷикистон узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон аз ҲНИТ-ро барои ғайриқонунӣ нигаҳдории силоҳ боздошт намуд.

Дар изҳороти интишоршудаи маркази робита бо ҷомеаи КДАМ ҶТ дар ин робита зикр мегардад, ки 9-уми феврали соли равон дар ҷараёни пешбурди фаъолияти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ, кормандони Кумита дар манзили истикоматии шаҳрванд Сардоров Латиф, соли таваллудаш, 1955, зода ва истиқоматкунандаи деҳаи Чуқураки Болои ҷамоати Навободи ноҳияи Ҳисор 2 адад таппончаи тамғаи Макаров, 4 тирдон, 51 дона тир, 1 адад  запали  таркандаи норинҷаки дастиро дарёфт ва мусодира намуданд.

Мутобиқи нишондоди  Сардоров Латиф маълум гардид, ки силоҳ ва лавозимоти ёфтшуда ба шаҳрванди Тоҷикистон Маҳмудов Ҷамолиддин Бурҳониддинович, соли таваллудаш 1960, зодаи деҳаи Чуқураки Болои ҷамоати дехоти Навободи ноҳияи Ҳисор, маълумоташ олӣ, оиладор, аъзои Раёсати олии ҲНИТ, мушовири сиёсии Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, узви КМИР ҶТ аз ҲНИТ,  сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Яккачинор, бинои 142/2, ҳуҷраи 18 тааллуқ доранд.

Тибқи нишондоди шаҳрванд Сардоров Латиф, аъзои ҲНИТ бо собиқаи 22 соли узвият, Маҳмудов Ҷамолиддин Бурҳониддинович, соли 1996  2 адад таппончаи Макаров, 4 тирдон, 51 дона тир, 1 адад   запали таркандаи норинҷаки дастиро ба ҳамсоя ва дўсти содиқаш Сардоров Латиф ғайриқонунӣ дода, хоҳиш кардааст, ки дар ягон махфигоҳ онҳоро пинҳон намояд.

Иловатан соли 2012 Маҳмудов Ҷамолиддин Бурҳониддинович ба Сардоров Латиф таъкид кардааст, ки  лавозимоти ҷангии номбурдаро боэҳтиёт нигоҳ дорад, зеро онҳо лозим хоҳанд гашт. Дар давоми ин солҳо шаҳрванд Сардоров Латиф маводи зикрёфтаро пинҳон намудааст.

Нисбати далели ошкоргашта дар асоси моддаи 195, қисми 2-и  Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон  парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардид.

Бо гумонбарӣ дар содир намудани ҷинояти мазкур шаҳрванд Маҳмудов Ҷамолиддин Бурҳониддинович боздошт шуд. Тафтишоти пешакӣ идома дорад.

spot_imgspot_img

Популярное