КДАМ узви КМИР аз ҲНИТ-ро боздошт намуд

Кумитаи давлатии амнияти милии Тоҷикистон узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон аз ҲНИТ-ро барои ғайриқонунӣ нигаҳдории силоҳ боздошт намуд. Дар изҳороти интишоршудаи маркази робита бо ҷомеаи КДАМ ҶТ дар ин робита зикр мегардад, ки 9-уми феврали соли равон дар ҷараёни пешбурди фаъолияти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ, кормандони Кумита дар манзили истикоматии шаҳрванд Сардоров Латиф, соли таваллудаш, […]

ASIA-Plus



Кумитаи давлатии амнияти милии Тоҷикистон узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон аз ҲНИТ-ро барои ғайриқонунӣ нигаҳдории силоҳ боздошт намуд.

Дар изҳороти интишоршудаи маркази робита бо ҷомеаи КДАМ ҶТ дар ин робита зикр мегардад, ки 9-уми феврали соли равон дар ҷараёни пешбурди фаъолияти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ, кормандони Кумита дар манзили истикоматии шаҳрванд Сардоров Латиф, соли таваллудаш, 1955, зода ва истиқоматкунандаи деҳаи Чуқураки Болои ҷамоати Навободи ноҳияи Ҳисор 2 адад таппончаи тамғаи Макаров, 4 тирдон, 51 дона тир, 1 адад  запали  таркандаи норинҷаки дастиро дарёфт ва мусодира намуданд.

Мутобиқи нишондоди  Сардоров Латиф маълум гардид, ки силоҳ ва лавозимоти ёфтшуда ба шаҳрванди Тоҷикистон Маҳмудов Ҷамолиддин Бурҳониддинович, соли таваллудаш 1960, зодаи деҳаи Чуқураки Болои ҷамоати дехоти Навободи ноҳияи Ҳисор, маълумоташ олӣ, оиладор, аъзои Раёсати олии ҲНИТ, мушовири сиёсии Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, узви КМИР ҶТ аз ҲНИТ,  сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Яккачинор, бинои 142/2, ҳуҷраи 18 тааллуқ доранд.

Тибқи нишондоди шаҳрванд Сардоров Латиф, аъзои ҲНИТ бо собиқаи 22 соли узвият, Маҳмудов Ҷамолиддин Бурҳониддинович, соли 1996  2 адад таппончаи Макаров, 4 тирдон, 51 дона тир, 1 адад   запали таркандаи норинҷаки дастиро ба ҳамсоя ва дўсти содиқаш Сардоров Латиф ғайриқонунӣ дода, хоҳиш кардааст, ки дар ягон махфигоҳ онҳоро пинҳон намояд.

Иловатан соли 2012 Маҳмудов Ҷамолиддин Бурҳониддинович ба Сардоров Латиф таъкид кардааст, ки  лавозимоти ҷангии номбурдаро боэҳтиёт нигоҳ дорад, зеро онҳо лозим хоҳанд гашт. Дар давоми ин солҳо шаҳрванд Сардоров Латиф маводи зикрёфтаро пинҳон намудааст.

Нисбати далели ошкоргашта дар асоси моддаи 195, қисми 2-и  Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон  парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардид.

Бо гумонбарӣ дар содир намудани ҷинояти мазкур шаҳрванд Маҳмудов Ҷамолиддин Бурҳониддинович боздошт шуд. Тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.