Э.Раҳмон Ҳ.Рӯҳониро бо солгарди пирӯзии инқилоби исломӣ табрик кард

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии иди миллии Эрон – солгарди пирӯзии Инқилоби Исломӣ ба президенти ин кишвар Ҳасани Рӯҳонӣ барқияи табрикӣ ирсол намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи табрикии Эмомалӣ Раҳмон дар ин робита таъкид мегардад, ки барои Тоҷикистон муносибатҳо бо Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамеша мавқеи муҳимму вижаро ишғол […]

ASIA-Plus



Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии иди миллии Эрон – солгарди пирӯзии Инқилоби Исломӣ ба президенти ин кишвар Ҳасани Рӯҳонӣ барқияи табрикӣ ирсол намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи табрикии Эмомалӣ Раҳмон дар ин робита таъкид мегардад, ки барои Тоҷикистон муносибатҳо бо Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамеша мавқеи муҳимму вижаро ишғол менамоянд ва таҳкиму густариши ҳамкориҳои гуногунарсаи судманд бо Эрон, ки ба заминаи ҳамзабонӣ, фарҳанги ягона ва анъанаҳои таърихии дӯстию бародарии мардумони ду кишвар такя мекунанд, ҷавобгӯ ба манфиатҳои олии ҳарду ҷониб ва суботу амнияти минтақа аст ва Тоҷикистон ба дурнамои он бо назари нек менигарад.

«Тоҷикистон ҳамеша хоҳони боло рафтани сатҳи муносибатҳои дуҷонибааш бо Эрон дар бахшҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангӣ буда, мӯътақид аст, ки кишварҳои мо бо талоши муштарак ба қуллаи мақсуд хоҳанд расид», – омадааст дар барқияи табрикии сарвари давлати Тоҷикистон.

Дар фарҷом Эмомалӣ Раҳмон азми қавӣ изҳор медорад, ки Тоҷикистон ҳамшарикии судманди дуҷонибаро минбаъд ҳам идома дода, муносибатҳои воқеан бародаронаро боз ҳам тавсеа ва густариш хоҳад бахшид.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.