Сабти 185 номзад ба вакилӣ аз ҳавзаҳои якмандатии интихоботӣ

Комиссияҳои ҳавзавии интихоботии Тоҷикистон 185 нафар шаҳрвандони кишварро расман номзад ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ ба қайд гирифтанд. Роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додозода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки аз ҳавзаҳои якмандатии интихоботӣ дар маҷмӯъ 212 нафар номзадҳо пешбарӣ шуда буданд, вале 27 нафари онҳо ё номзадии худро бозпас гирифтаанд […]

Аваз Юлдошев



Комиссияҳои ҳавзавии интихоботии Тоҷикистон 185 нафар шаҳрвандони кишварро расман номзад ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ ба қайд гирифтанд.

Роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додозода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки аз ҳавзаҳои якмандатии интихоботӣ дар маҷмӯъ 212 нафар номзадҳо пешбарӣ шуда буданд, вале 27 нафари онҳо ё номзадии худро бозпас гирифтаанд ва ё ба комисияҳои интихоботӣ ҳуҷҷатҳои заруриро пешниҳод накардаанд.

«Аз 185 нафар номзадҳои расман сабтшуда 80 нафарашон тариқи худпешбарӣ ва 105 нафарашон аз ҷониби аҳзоби сиёсӣ пешбарӣ шуда, аз ҳавзаҳои якмандатии интихоботӣ 32 нафар занон низ барои курсии вакилӣ рақобат мекунанд», – иброз дошт ӯ.

Ҳамин тариқ, ба 63 курсӣ дар палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон 288 нафар номзадҳо довталабӣ мекунанд.

Қобили зикр аст, ки аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ тибқи рӯйхатҳои ҳизбӣ 22 нафар вакил ба палатаи поёнии парлумон интихоб мешавад. Аз ҳавзаи мазкур КМИР Тоҷикистон 103 нафар номзадҳоро ба қайд гирифт.

Аз ҳавзаҳои якмандатии интихоботӣ 41 нафар вакил ба падатаи поёнии парлумон интихоб мешавад. Аз ин ҳавза КМИР Тоҷикистон 185 нафар довталабон ба курсии парлумониро сабти ном кард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.