Кабирӣ: Яке аз таппончаҳо ба Маҳмудов тааллуқ дорад

Рӯзи чоршанбе раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ ба журналистон тасдиқ намуд, ки яке аз таппончаҳои дар манзили шаҳрванд Латиф Сардоров дарёфтшуда аз ҷониби кормандони КДАМ ҳақиқатан ҳам ба узви КМИР Тоҷикистон аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Ҷамолиддин Маҳмудов тааллуқ дорад. Ба қавли Кабирӣ, ин силоҳ ба Маҳмудов замони ҷанги шаҳрвандӣ, ҳангоме ки ӯ зеркомиссияи назорати оташбас […]

Аваз Юлдошев



Рӯзи чоршанбе раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ ба журналистон тасдиқ намуд, ки яке аз таппончаҳои дар манзили шаҳрванд Латиф Сардоров дарёфтшуда аз ҷониби кормандони КДАМ ҳақиқатан ҳам ба узви КМИР Тоҷикистон аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Ҷамолиддин Маҳмудов тааллуқ дорад.

Ба қавли Кабирӣ, ин силоҳ ба Маҳмудов замони ҷанги шаҳрвандӣ, ҳангоме ки ӯ зеркомиссияи назорати оташбас аз ҷониби Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷикро роҳбарӣ мекард, дода шуда буд.

«Соли 1996 Маҳмудов таппончаро барои нест кардан ба ҳамдиёри худ Латиф Сардоров дод. Ӯ дар навбати худ силоҳро дар ҳавлиаш пинҳон намуд. Баъди 17 сол, ахири соли 2013 миёни соҳиби манзил ва ҳамсараш муноқиша сар зада, зан ба хотири интиқом дар бораи нигаҳдории аслиҳа дар ҳавлӣ ба мақомоти милиса хабар дод. Кормандони милиса ба ҳавлӣ омада, Л.Сардоров маълумоти нигаҳдории аслиҳаро тасдиқ кард. Аммо кормандони ба ҳавлӣ ҳозиршудаи КДАМ аз кормадони милиса дархост карданд, ки аслиҳаро ҳамин тавр пинҳону зери замин гӯршуда боқӣ гузоранд», – ҳикоят кард Кабирӣ.

Раиси ҲНИТ илова намуд, ки дар бораи таппончаи дуюми дар ҳавлии манзили зисти Сардоров дарёфтшуда ҳеҷ огаҳие надорад.

Ёдрас мекунем, ки имрӯз Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар бораи боздошти узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон аз ҲНИТ барои ғайриқонунӣ нигаҳдории силоҳ

изҳорот интишор кард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.