Суғд: Гумрукчиён қочоқи сӯзишворӣ ва тамокуро пешгирӣ карданд

Кормандони Раёсати минтақавии гумруки Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ дар вилояти Суғд се ҳодисаи тариқи қочоқ ба Тоҷикистон ворид намудани маводи сӯзишвориро пешгирӣ карданд . Бино ба иттилои дафтари матбуоти Хадамоти гумрук, аз ҷумла дар рафти гузаронидани амалиётҳои гумрукӣ дар минтақаҳои наздисарҳадии вилояти Суғд се воситаи нақлиёте боздошт гардиданд, ки барои мусофиркашонӣ пешбинӣ шудаанду устокорона […]

ASIA-Plus



Кормандони Раёсати минтақавии гумруки Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ дар вилояти Суғд се ҳодисаи тариқи қочоқ ба Тоҷикистон ворид намудани маводи сӯзишвориро пешгирӣ карданд

.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Хадамоти гумрук, аз ҷумла дар рафти гузаронидани амалиётҳои гумрукӣ дар минтақаҳои наздисарҳадии вилояти Суғд се воситаи нақлиёте боздошт гардиданд, ки барои мусофиркашонӣ пешбинӣ шудаанду устокорона дар дохили онҳо зарфҳои калонҳаҷми сӯзишворӣ ҷойгир намуда шуда, бо ин восита шаҳрвандон мехостанд бо вазни умумии 5 ҳазору 874 литр сӯзишворо бидуни барасмиятдарории гумрукӣ ва саркашӣ намудан аз пардохтҳои гумрукӣ ворид намоянд.

Гуфта мешавад, инчунин кормандони гумрук  се адад воситаҳои нақлиётии боркашро, ки дар бордони онҳо бо дигар роҳу усулҳо, пинҳонӣ бо вазни умумии 28 ҳазор литр маводи сӯзишворӣ ба таври қочоқ бе расмиёти гумрукӣ ворид менамуданд боздошт карданд.

Ҳамчунин қайд мешавад, ки гумрукчиёни вилоят воридоти ғайриқонунии молҳои таҳтиаксизӣ аз ҷумла чархҳои резинӣ, оби ҷав инчунин сигаретаҳои навъи «Балтийские» «Помир», «Винстон», «Кент» «Мирон» ва «Малборо» ба миқдори умумии 74 ҳадору 120 қуттичаро ошкор ва пешгирӣ намудаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки нисбат ба шахсони қонуншикан парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.