Анонс
– Аз 11 то 20 феврал сафири Шоҳигарии Тайиланд дар Тоҷикистон (бо қароргоҳ дар ш.Остона) Чарна Ҷулламона бо сафари корӣ аз Тоҷикистон боздид мекунад;
– Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ тасдиқи созишномаи сармоягузорӣ бо ширкати «Кока Кола Ичечек А.С.» баррасӣ мешавад;
– Дар маҷмааи «Душанбе-Плаза» дар мавзӯи мубориза бо бемории сил конфронс доир мегардад. Оғоз соати 14-00;
– Ташкилоти ҷамъиятии «Хома» барои журналистон оид ба инъикоси ҷараёни ҷорисозии ташаббуси шаффофият дар бахши саноати кӯҳкорӣ тренинг барпо мекунад.
Қ
урби асъор
Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:
1
доллари ИМА –
5.3907
сомонӣ;
1
евро –
6.1056
сомонӣ;
1
рубли русӣ
– 0.08
16
сомонӣ.
Як р
ӯ
зи таърих
2009
— Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон тағйирот ба Кодекси андозро, ки ситонидани роялтиро дар назар дорад, тасдиқ намуд.
2010
— Маросими барафрохтани парчами Тоҷикистон дар деҳаи олимпӣ дар Ванкувер.
2014
— Низоми интиқоли маблағҳои пулии «Мигом» фаъолияти худ дар Тоҷикистонро қатъ намуд.
1915
— Мавлуди Ҳофизи халқии Тоҷикистон Маҳмадёқуб Маҳмадюсуфов.
1942
– Зодрӯзи нависанда Софияи Носир.
1950
– Мавлуди доктори улуми тиббӣ Саид Қурбонов.
1960
– Зодрӯзи журналист Раҳмон Гулзор.
1969
– Мавлуди сафири Тоҷикистон дар Олмон Маликшо Неъматов.
Вазъи обуҳаво
Дар вилояти Хатлон
— Обуҳавои тағйирёбанда, шабона бидуни боришоти назаррас, рӯзона баъзан борон меборад.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +3+8, рӯзона +14+19, дар доманакӯҳҳо шабона 0+5, рӯзона +8+13.
Дар вилояти Суғд
— Обуҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бидуни боришоти назаррас, дар доманакӯҳҳо баъзан каме барф меборад.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +2+7, рӯзона +9+14, дар доманакӯҳҳо шабона -4+1, рӯзона +2+7.
Дар Вилояти Мухтори К
ӯ
ҳистони Бадахшон
— Обуҳавои тағйирёбанда, шабона бидуни боришоти назаррас, рӯзона баъзан каме барф меборад.
Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона -5-10, рӯзона -3+2; дар шарқи вилоят шабона -17-22, рӯзона -4-9.
Дар Ноҳияҳои тобеи марказ
— Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борон меборад.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +2+7, рӯзона +11+16, дар доманакӯҳҳо шабона -1-6, рӯзона 0+5.
Дар шаҳри Душанбе
— Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борон меборад.
Ҳарорат: шабона +4+6, рӯзона +11+13.
Дар шаҳри Қ
ӯ
рғонтеппа
— Обуҳавои тағйирёбанда, нимаи дуюми рӯз борон меборад.
Ҳарорат: шабона +4+6, рӯзона +16+18.
Дар шаҳри Ху
ҷ
анд
— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.
Ҳарорат: шабона +2+4, рӯзона +8+10.
Дар шаҳри Хоруғ
— Обуҳавои тағйирёбанда, шабона бидуни боришот, рӯзона баъзан каме барф меборад.
Ҳарорат: шабона -8-10, рӯзона -1+1.



