Дар доираи сафари корӣ ба минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо ҷараёни сохтмони як қатор иншоот аз наздик ошно мегардад.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории Кӯлоб хабар дод, нахуствазир аз ҷумла бо рафти сохтмони иншоот дар ноҳияҳои Шӯроободу Восеъ ва шаҳри Кӯлоб шинос хоҳад шуд, ки мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанашон давоми соли равон, шурӯъ аз фарорасии ҷашни Наврӯз дар назар аст.
Ба иттилои манбаъ, Қ.Расулзода бо ҷараёни корҳои марҳилаи охири бунёди пули бузург дар маркази шаҳри Кӯлоб, бинои нави таълимии Донишгоҳи ба номи А.Рӯдакӣ ва дигар биноҳои идораву ташкилотҳо шинос мешавад.
«Дар ноҳияи Шӯрообод нахуствазир бо рафти сохтмони роҳҳо ва пулҳо аз маркази ноҳия то деҳоти Шоҳон, ки аз он ба самти Афғонистон пул бунёд мегардад, аз наздик ошно мегардад», – афзуд сарчашмаи хабар.



