Президент кадрҳои тозатаъини мақомоти судиро ба ҳузур пазируфт

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон 132 нафар кормандони мақомоти судиро, ки ба вазифаҳои нави раиси суд, муовини раиси суд, судяи судҳои вилоят, шаҳру ноҳия, судҳои иқтисодӣ ва ҳарбӣ таъин шудаанд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар оғози мулоқот фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъин ва озод намудани […]

ASIA-Plus



Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон 132 нафар кормандони мақомоти судиро, ки ба вазифаҳои нави раиси суд, муовини раиси суд, судяи судҳои вилоят, шаҳру ноҳия, судҳои иқтисодӣ ва ҳарбӣ таъин шудаанд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар оғози мулоқот фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъин ва озод намудани судя ва роҳбарияти судҳои вилоятҳо ва як зумра шаҳру ноҳияҳои кишвар қироат карда шуд.

Тавре аён гардид, аз 132 нафари таъиншуда 49 кас бори аввал ба мансаби судя таъин гардиданд, ки 6 нафари онҳо занон мебошанд.

Сарвари давлат зимни суханронӣ аз ғамхориҳои роҳбарияти кишвар ба мақомоти судӣ ва кормандони ин соҳа, аз ҷумла беҳсозии шароити корӣ, афзун намудани ҳуқуқу ваколатҳо ва маоши онҳо ёдовар шуда, дар наздашон доир ба таъмини волоияти қонун дар ҷомеа, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, хусусан ҷавонон, ҳифзи холисонаи ҳуқуқу озодиҳои инсон, ҳимояи манфиатҳои давлат, корхонаҳо ва ташкилоту муассисаҳо вазифаҳои мушаххас гузошт.

Зикр гардид, ки пас аз татбиқи босамари ду барномаи давлатӣ барои ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар оғози соли равон боз барномаи нави ислоҳоти судӣ – ҳуқуқӣ барои солҳои 2015-2017 тасдиқ гардид, ки мақсади он таҳкими минбаъдаи ҳокимияти судӣ мебошад.

Ба роҳ надодани қонуншиканӣ ва ҷинояткорӣ дар миёни худи кормандони соҳа, аз ҷумла ба амалҳои коррупсионӣ даст задани онҳо, таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шуд.

Таъкид гардид, ки кормандони мақомоти судӣ фаъолияти ҳаррӯзаро ба хотири боз ҳам беҳтар ба амал баровардани адолати судӣ, ҳимояи манфиатҳои давлат ва шаҳрвандон, таҳкими обрӯи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва мунтазам баланд бардоштани сатҳи касбии худ бояд равона созанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.