Чин ба сохтмони 2 корхонаи сементбарорӣ 250 млн. $ маблағгузорӣ мекунад

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ созишномаи сармоягузорӣ миёни ҳукумати Тоҷикистон ва ширкати «Huaxin Cement Co., LTD» дар бораи сохтмон ва ба истифода додани хатҳои дуюм ва сеюми лоиҳавии корхонаи сементбарорӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва қаламрави минтақаи озоди иқтисодии «Данғара»-ро тасдиқ кард. Зимни шарҳи созишнома ба вакилон муовини аввали раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи […]

Аваз Юлдошев



Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ созишномаи сармоягузорӣ миёни ҳукумати Тоҷикистон ва ширкати «Huaxin Cement Co., LTD» дар бораи сохтмон ва ба истифода додани хатҳои дуюм ва сеюми лоиҳавии корхонаи сементбарорӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва қаламрави минтақаи озоди иқтисодии «Данғара»-ро тасдиқ кард.

Зимни шарҳи созишнома ба вакилон муовини аввали раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ Лочин Файзуллозода изҳор дошт, ки баҳри амалисозии созишномаи мазкур дар ҳаҷми беш аз 250 млн. доллари ИМА маблағгузорӣ пешбинӣ шудааст.

«Иқтидори корхонаи оянда дар ноҳияи Бобоҷон Гафуров истеҳсоли 1 млн. тонна семент ва корхона дар минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» истеҳсоли 1,2 млн. тонна семент дар як солро ташкил дода, беш аз 1 ҳазор шаҳрвандони кишвар бо ҷойҳои корӣ дар ин корхонаҳо таъмин хоҳанд шуд», – иброз дошт ӯ.

Ба гуфтаи директори корхонаи «Хуаксин-Ғаюр-Семент» Акбар Ғуломов, ҳиссаи Тоҷикистон дар лоиҳа дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба 30% ва минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» ба 45% баробар аст.

Ғуломов мутмаин аст, ки амалисозии лоиҳаҳои мазкур ба рушди иқтисоди миллӣ ва афзоиши даромад ба буҷети ҷумҳурӣ мусоидат мекунад. «Масалан, аз ҳисоби ҳамаи навъҳои андоз аз фаъолияти корхонаи «Хуаксин-Ғаюр-Семент» дар ноҳияи Ёвон соли 2014 ба буҷети давлатӣ 130 млн. сомонӣ маблағ ворид гардид», – зикр кард ӯ.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.